ИМА нишонаҳои ҳамлаи кимиёӣ дар Сурияро ошкор кардааст

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

ИМА нишонаҳои омодашавии Димишқро ба ҳамлаи нави кимиёӣ зидди сокинони Сурия бармало мебинад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин робита ИМА Башор Асад, президенти Сурияро огоҳ кардааст, ки ба ҳар ҳамлаи кимиёӣ "баҳои гарон" хоҳад пардохт.

Ба гуфтаи намояндагони Трамп, ИМА нишонаҳои ҳамлаи кимиёии монанд ба ҳамлаи пешинро, ки моҳи апрели соли ҷорӣ истифода шуда буд, ошкор кардааст. Иёлоти Муттаҳида он замон ба ин ҳамла бо мушакҳои болдори "Томагавк" посух дода буд. Мушакҳо фурудгоҳи низомиеро, ки онҷо силоҳи кимиёӣ нигаҳдорӣ мешуд, ҳадаф қарор доданд.

"Ҳамлаи кимиёие, ки Асад дар сар дорад, ба эҳтимоли зиёд аз ҳисоби сокинони осоишта, бо шумули кӯдакон, қурбонии зиёде ба бор меорад. Агар режими Димишқ ба ин амал даст занад, пас Асад ва артишаш аз ногувориҳои чашмгир дар амон нахоҳанд монд", – мегӯяд намояндаи Кохи сафед Шон Спайсер.

Баъд аз ҳарфҳои Спайсер, намояндаи доимии ИМА дар СММ Никки Хейлӣ низ ба ҳамин монанд изҳори назар кард. "Масъулияти ҳамлаи кимиёӣ ба дӯши Асад ва Русияву Эрон аст, ки ба Асад дар маҳвсозии сокинони Сурия кӯмак мекунанд", – гуфт Хейлӣ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...