Дар Қубодиён бузургтарин корхонаи истеҳсоли семент бунёд мегардад

Asia-Plus

Ояндаи наздик ҶСК “Ориёнбонк” дар якҷоягӣ бо сармоягузорони хориҷӣ сохтмони корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлонро оғоз мекунад. Дар ин бора аз ҳукумати ин ноҳия хабар доданд.

Бино ба маълумоти Файзуллозода Зафар, раиси ноҳияи Қубодиён, айни замон мутахассисони хитойӣ корҳои лоиҳакаширо дар ин мавзеъ ба анҷом расонида, дар назар аст, ки сохтмони ин завод то ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардад.

Гуфта мешавад, аз ҷониби Тоҷикистон масоили ташкилии ин лоиҳа ба уҳдаи Ширкати инвеститсионию истеҳсолии “Ориёнинвест” вогузор шудааст.

Ширкати мазкур соли 2015 бо Қарори Раиси Раёсати “Ориёнбонк” Ҳасан Асадуллозода бо ҳадафи ҷалби сармояи хориҷӣ ва бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли семент ва ташкили ҷойҳои нави корӣ таъсис шудааст.

Ба гуфтаи Саидисматулло Валиев, Директори генералии ШИИ “Ориёнинвест”, корхонаи нави истеҳсоли семент бо саҳмгузории ҶСК “Ориёнбонк”, Ширкати холдингии “Исмоили Сомонӣ” ва ширкати хитойии  “Хенан Чжун-Я Гуруҳи холдингӣ” бунёд ёфта, иқтидори тавлидотии он 5 ҳазор тоннаро дар ду хатти истеҳсолӣ дар як шабонарӯз (2500 тонна навъи М-400 ва 2500 тонна навъи ба сулфаттобовар) ташкил медиҳад.

“Ин корхона бо маблағи беш аз 160 миллион доллари ИМА ва 1000 ҷойи корӣ сохта шуда, тибқи лоиҳа, дар заминаи он корхонаҳои дигари истеҳсолӣ, аз ҷумла, корхонаи истеҳсоли шакар бо парвариш ва коркарди лаблабуи қанд ва корхонаи истеҳсоли кафел ҳам бунёд меёбад. Бунёди ин корхонаҳо, қабл аз ҳама, бо ҳадафи рушди иқтисоди миллии Тоҷикистон, ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ ва баландбардории иқтидори содиротии кишвар дар назар гирифта шудааст”, – мегӯяд Валиев.

Зимнан, ширкати хитойии “Хенан Чжун-Я Гуруҳи холдингӣ” айни замон ба таҷдид ва азнавсозии яке аз бузургтарин корхонаҳои саноатии Тоҷикистон – ҶСК “Азот” дар шаҳри Сарбанд машғул аст, ки чанд моҳ қабл бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт.

Масъулини Ширкати “Ориёнинвест” мегӯянд, ширкат дар ҷалби сармоягузорон барои таҷдид ва азнавсозии ҶСК “Азот” дар шаҳри Сарбанд ҳам фаъол буд.

Дар Ширкати “Ориёнинвест” тафовут ва афзалияти корхонаи нави истеҳсоли сементро дар он арзёбӣ мекунанд, ки 50 дарсади маҳсулоти худро сементи навъи ба сулфаттобовар истеҳсол мекунад. Ин навъи семент асосан барои иншоотҳои бузург ва стратегӣ, аз қабили неругоҳҳо, пешбинӣ шуда, дар бозори маҳсулоти сохтмонӣ харидорони зиёд дорад. Муассисони корхона истифодаи сементи истеҳсоли ин корхонаро дар нерӯгоҳҳои дохилӣ ва иншоотҳои берун аз кишвар сохташаванда мувофиқ арзёбӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, бо иқтидори солонаи 2 миллион тонна ин завод бузургтарин корхонаи истеҳсоли семент дар Тоҷикистон хоҳад буд.

Саҳми ҷонибҳои сармоягузор дар ин лоиҳа зикр карда намешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...