Тамдиди муҳлати бекор шудани андоз ба воридоти маснӯоти заргарӣ

Юлдашев, Asia-Plus

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағийроту илова ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2017»-ро ҷонибдорӣ намуданд, ки ба масъалаи коҳиши меъёри андозбандӣ ба воридоти маснӯоти заргарӣ ба кишвар дахл доранд.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала муовини вазири молияи Тоҷикистон Меҳринамоҳ Ҷонмаҳмадова изҳор дошт, ки муҳлати амали тағйироти соли гузашта қабулшуда ба қонунгузорӣ ба сифати озмоиш дар давраи аз моҳи июни соли 2016 то моҳи июни соли 2017, ки мувофиқи он маснӯоти заргарии аз кишварҳои хориҷӣ воридшуда ба ҷумҳурӣ аз андоз аз арзиши илова, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод шуданд, то охири соли 2017 дароз карда шуд.

Муовини вазир иттилоъ дод, ки ҳаҷми андозу боҷҳо то қабули тағйирот дар моҳи июни соли гузашта аз 40 то 42 фоиз аз арзиши умумии маснӯот аз тилло ва нуқраи ба кишвар воридшударо ташкил медод.

«Озмоиш ба пешгирии қочоқи маснӯоти заргарӣ, муомилоти коррупсионӣ, ҳимояи бозор аз маҳсулоти пастсифати заргарӣ ва аз байн бурдани бозорҳои пасипардагии фурӯши ҷавоҳирот роҳандозӣ шуда буд», – хотиррасон намуд Ҷонмаҳмадова.

Ҳамчунин ёдрас шуд, ки тӯли 9 моҳи соли 2015 танҳо тариқи хатсайри мустақими ҳавоӣ аз Туркия ба Тоҷикистон беш аз 700 кило маснӯоти заргарӣ ворид шудааст, ки воридоти ҳамагӣ 15 килояш бо роҳи қонунӣ, яъне пардохти ҳамаи андозу боҷҳо сурат гирифта, зиёни мустақими ба давлат расида аз ин амал ҳудуди 6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буд.

Қобили зикр аст, ки зиёда аз 97,5% фоизи бозори хариду фурӯши маснӯоти заргарии Тоҷикистон дар ихтиёри истеҳсолкунандандагони кишварҳои хориҷӣ аст.

«Мутобиқи тағйироти қабулшуда дар моҳи июни соли 2016, воридкунандагони маснӯоти заргарӣ ба ивази андозу боҷҳои зикршуда боҷи ягонаи махсуси гумрукиро пардохт карданд, ки ҳаҷми он барои воридоти 1 грамм маснӯоти тилло – 18 сомонӣ ва 1 грамм маснӯот аз нуқра – 3,6 сомониро ташкил медиҳад», – қайд кард муовини вазир.

Номбурда таъкид дошт, ки соли охир аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон беш аз 1 тоннаву 60 кило маснӯоти заргарӣ ворид шуда, аз ин ҳисоб ба буҷети кишвар ҳудуди 7 млн. сомонӣ маблағ ворид шудааст, ки ба маблағи маснӯоти заргарии давоми панҷ соли пешина воридгардида баробар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...