Кохи сафед мулоқоти Трамп бо Путинро расман баён дошт

Президенти ИМА Доналд Трамп бо ҳамтои руси худ Владимир Путин ибтидои моҳи июл дар доираи саммити "Бистгонаи бузург" дар Олмон мулоқот хоҳад кард. Ин нуктаро намояндаи баландпояи Кохи сафед рӯзи панҷшанбе расман баён дошт. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, мушовири президенти ИМА дар умури амнияти миллӣ Ҳерберт Макмастер дар суҳбат бо рӯзноманигорон […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти ИМА Доналд Трамп бо ҳамтои руси худ Владимир Путин ибтидои моҳи июл дар доираи саммити "Бистгонаи бузург" дар Олмон мулоқот хоҳад кард. Ин нуктаро намояндаи баландпояи Кохи сафед рӯзи панҷшанбе расман баён дошт.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, мушовири президенти ИМА дар умури амнияти миллӣ Ҳерберт Макмастер дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфтааст, феҳристи масъалаҳои мавриди баҳси ду раҳбар ҳанӯз муайян нашудааст.

Гуфта мешавад, ҳамоиши сарони "Бистгонаи бузург" қарор аст, рӯзҳои 7-8 июли соли равон дар шаҳри Гамбурги Олмон баргузор шавад. Мулоқоти Трамп ва Путин дар доираи ин саммит нахустин дидори онҳо хоҳад буд.

Зимнан зикр мегардад, ки рӯзи 28 июн вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров низ хабар дод, ки раҳбарони ду кишвар дар Олмон мулоқот мекунанд. Ӯ афзуд, ки "руҳияи зиддирусӣ дар Вашингтон" ба ҳамкории Русия ва ИМА дар масъалаҳои ҷаҳонӣ монеа эҷод мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.