Дархости суръатбахшӣ ба сохтмони манораи нав дар фурудгоҳи пойтахт

Намояндагони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва Вазорати молияи Тоҷикистон рӯзҳои 25-28 июн ҷиҳати гуфтушунид оид ба масъалаи сохтмони манораи нави назоратӣ-диспетчерӣ дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе дар шаҳри Париж қарор доштанд. Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Душанбе дар Париж, дар доираи ин сафар дар Вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва молия, ҳамчунин ширкати «THALES» баҳри шиносоӣ бо таҷҳизоти техникии мавриди […]

Намояндагони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва Вазорати молияи Тоҷикистон рӯзҳои 25-28 июн ҷиҳати гуфтушунид оид ба масъалаи сохтмони манораи нави назоратӣ-диспетчерӣ дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе дар шаҳри Париж қарор доштанд.

Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Душанбе дар Париж, дар доираи ин сафар дар Вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва молия, ҳамчунин ширкати «THALES» баҳри шиносоӣ бо таҷҳизоти техникии мавриди истеҳсол қарордошта вохӯриҳо доир гардиданд.

Зимни гуфтушунидҳо ҷониби Фаронса барои ҳамкорӣ дар доираи ҳузури нерӯҳои низомии ҳавоии ин кишвар дар Тоҷикистон ҳангоми амалиёти нерӯҳои байнулмилалии таъмини амният дар Афғонистон миннатдорӣ изҳор намуда, дастгириаш ба амалисозии муштараки лоиҳаҳо дар Тоҷикистон дар бахши авиатсияро таъкид дошт.

Дар робита ба масъалаи сохтмони манораи нави назоратӣ-диспетчерӣ дар фурудгоҳи Душанбе қайд шуд, ки ҷониби Фаронса ба оғози сохтмони бевосита худи манора омода буда, ояндаи наздик гурӯҳи коршиносон ҷиҳати анҷоми корҳои омодагӣ ба Душанбе сафарбар мешаванд.

Қобили зикр аст, ки моҳи феврали соли 2013 дар пойтахти Тоҷикистон оид ба сохтмони манораи 36-метраи назоратӣ-диспетчерӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе мувофиқа ҳосил шуда буд.

Лоиҳа аз ҷониби мутахассисони фаронсавӣ таҳия шуда, барои амалисозии он 3,5 млн. евро маблағ зарур аст. Лоиҳа аз ҷониби Фаронса бар асоси грантӣ амалӣ мешавад. Муҳлати амалисозии лоиҳа 15 моҳ аз замони ба имзо расидани созишнома дуҷониба муқаррар шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.