Беш аз 40 дараҷа гарм: оё кор кардан имкон дорад?

Имрӯз обуҳавошиносони ҷумҳурӣ маълумот доданд, ки рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон обуҳаво хеле гарм ва ҳарорат дар як қатор ноҳияҳо то 43 дараҷа мерасад. Дар ин робита мо тасмим гирифтем бифаҳмем, ки оё дар қонунгузории Тоҷикистон меъёри реҷаи ҳарорат дар ҷои кор пешбинӣ шудааст?. Бо ин савол мо ба мутахассисон муроҷиат кардем. Корфармо ба фароҳам овардани […]

Asia-Plus

Имрӯз обуҳавошиносони ҷумҳурӣ маълумот доданд, ки рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон обуҳаво хеле гарм ва ҳарорат дар як қатор ноҳияҳо то 43 дараҷа мерасад.

Дар ин робита мо тасмим гирифтем бифаҳмем, ки оё дар қонунгузории Тоҷикистон меъёри реҷаи ҳарорат дар ҷои кор пешбинӣ шудааст?. Бо ин савол мо ба мутахассисон муроҷиат кардем.

Корфармо ба фароҳам овардани шароити мусоид уҳдадор аст

Дар шарҳи масъалаи мазкур дар шуъбаи ташхиси шароити кори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат ба “Азия-Плюс” изҳор намуданд, ки тибқи меъёрҳои ҳанӯз замони шӯравӣ дар Тоҷикистон ҷоришуда, ҳангоми ҳарорати беш аз 40 дараҷа гарм корро қатъ ё танаффуси иловагӣ додан зарур аст, масалан дар корҳои берун аз бино, дар ҳавои кушод.

Дар ҷойҳое, ки қатъи кор бинобар сабаби бетанффус будани он ғайриимкон аст, қатъи кор бо роҳандозии бастҳои бонавбат ҷорӣ шуда, ба кормандон пардохти иловагӣ муқаррар мешавад.

Агар корфармо ҳузури коргар дар ҷойи кориашро ҳангоми ҳарорати баланд маҳдуд накунад, дар ин ҳолат барои коргарон соатҳои зиёда аз вақти муқаррарӣ ҷорӣ шуда,мувофиқи қонунгузории меҳнат, кори зиёда аз вақти муқаррарӣ зиёдтар пардохт карда мешавад.

Табибон: ҳарорати муносиб 21 дараҷа

Бо назардошти шароити обуҳаво ва гармии тобистон табибон мутобиқсозии реҷаи кориро тавсия медиҳанд.

Ба гуфтаи мутахассисони Хадамоти санитариву эпидемиологӣ, ҳангоми аз меъёри муқаррарӣ поин ё баланд будани ҳарорат дар ҷойҳои корӣ, вақти ҳузур дар кор бояд маҳдуд карда шавад.

Ҳарорат дар дохили биноҳои истеҳсолӣ бояд барои корманд мусоид буда, аз коргар пӯшидани сарулибоси махсусро тақозо накунад.

Дар ҷое, ки истеҳсолот бо сардӣ ё баръакс гармӣ вобаста асту ҳарорати мусоид фароҳам овардан ғайриимкон аст, барои ба меъёри муқаррарӣ расонидани он аз ҳамаи имконот истифода мебояд кард. Масалан, барои синф дар мактабҳо ҳарорати 21-22 дараҷа муносиб шуморида мешавад.

Дар инфографикаи зерин доир ба тарзи рафтор дар обуҳавои беҳад гарм, кумак ба шахси аз гармӣ осебдида маълумот пешниҳод мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.