Роҳи Душанбе – Дарвоз то ҳол баста боқӣ мемонад

Шонаврӯз Афзалшоев, Asia-Plus

Дар ноҳияи Дарвози ВМКБ корҳои рафъи оқибатҳои обхезӣ, ки рӯзи 8 июл аз ҷониби Афғонистон ворид шуда, деҳаи Тоҷикистонро зери об монд, идома доранд.

Имрӯз сатҳи об каме поин рафта, аксари манзилҳои сокинони деҳаи аз минтақаи зери об берун шуданд, вале қитъаи роҳи тақрибан 800-метраи Душанбе – Дарвоз то ҳол зери об боқӣ монда, ҳаракати нақлиёт тариқи роҳ ғайриимкон мебошад. Аз Душанбе ба Дарвоз ва минбаъд ба Хоруғ метавон тариқи роҳи Душанбе – Тавилдара бо ағбаи Хобуробот сафар кард.

Муовини аввали сардори Ситоди ҲФ ва МГ вилоят Гулша Насиллобеков ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод, ки айни замон масъалаи ба макони бехавфи иқомат кӯчонидани осебдидагон аз офати табиӣ мавриди омӯзиш қарор дошта, ҳаҷми зарар ҳисобу китоб ва баҳри рафъи пурраи оқибатҳои обхезӣ наҷотдиҳандагон ва техника кор мекунанд.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар бораи аз 7 июл барқарор шудани парвози мунтазам тариқи хатсайри ҳавоии Душанбе – Хоруғ маълумот дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...