Роҳи Душанбе – Дарвоз то ҳол баста боқӣ мемонад

Дар ноҳияи Дарвози ВМКБ корҳои рафъи оқибатҳои обхезӣ, ки рӯзи 8 июл аз ҷониби Афғонистон ворид шуда, деҳаи Тоҷикистонро зери об монд, идома доранд. Имрӯз сатҳи об каме поин рафта, аксари манзилҳои сокинони деҳаи аз минтақаи зери об берун шуданд, вале қитъаи роҳи тақрибан 800-метраи Душанбе – Дарвоз то ҳол зери об боқӣ монда, ҳаракати […]

Шонаврӯз Афзалшоев, Asia-Plus

Дар ноҳияи Дарвози ВМКБ корҳои рафъи оқибатҳои обхезӣ, ки рӯзи 8 июл аз ҷониби Афғонистон ворид шуда, деҳаи Тоҷикистонро зери об монд, идома доранд.

Имрӯз сатҳи об каме поин рафта, аксари манзилҳои сокинони деҳаи аз минтақаи зери об берун шуданд, вале қитъаи роҳи тақрибан 800-метраи Душанбе – Дарвоз то ҳол зери об боқӣ монда, ҳаракати нақлиёт тариқи роҳ ғайриимкон мебошад. Аз Душанбе ба Дарвоз ва минбаъд ба Хоруғ метавон тариқи роҳи Душанбе – Тавилдара бо ағбаи Хобуробот сафар кард.

Муовини аввали сардори Ситоди ҲФ ва МГ вилоят Гулша Насиллобеков ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод, ки айни замон масъалаи ба макони бехавфи иқомат кӯчонидани осебдидагон аз офати табиӣ мавриди омӯзиш қарор дошта, ҳаҷми зарар ҳисобу китоб ва баҳри рафъи пурраи оқибатҳои обхезӣ наҷотдиҳандагон ва техника кор мекунанд.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар бораи аз 7 июл барқарор шудани парвози мунтазам тариқи хатсайри ҳавоии Душанбе – Хоруғ маълумот дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио