Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Ҳайати Иттиҳоди Аврупо бо намояндагии Директори Генералии Комиссияи Аврупо оид ба ҳамкорӣ ва рушди байналмилалӣ Стефано Мансервиси ва Намояндаи Махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Петер Буриан ба Тоҷикистон ташриф меорад; – Соати 09:00 иҷлосияи 11-уми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум ба кор оғоз мекунад; – Нишастҳои хабарӣ доир ба […]

АНОНС

– Ҳайати Иттиҳоди Аврупо бо намояндагии Директори Генералии Комиссияи Аврупо оид ба ҳамкорӣ ва рушди байналмилалӣ Стефано Мансервиси ва Намояндаи Махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Петер Буриан ба Тоҷикистон ташриф меорад;

– Соати 09:00 иҷлосияи 11-уми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум ба кор оғоз мекунад;

– Нишастҳои хабарӣ доир ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2017: Кумитаи дин (Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ) – оғоз соати 09:00; Вазорати тандурустӣ – соати 11:00; Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон – соати 08:00; Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон – соати 08:30 (Дар бинои Палата) ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон – соати 10:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8145 сомонӣ;

1 евро – 10.0459 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1428 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1943 – Муҳорибаи дар таърих бузургтарини танкии Прохоровск.

2008 — Ифтитоҳи сомонаи мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» – www.tigrovajabalka.tj

1906-1968 – Зодрӯзи нависанда Тоҷӣ Усмон.

1932 – Мавлуди доктори улуми филология Наҷмӣ Сайфиев.

1933 – Зодрӯзи актёр ва коргардон Сафо Содиқов.

1956 – Зодрӯзи коргардон Қудратулло Эшонов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +33+38; дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +21+26.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +21+26, рӯзона +37+42; дар доманакӯҳҳо шабона +14+19, рӯзона +30+35.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +13+18, рӯзона +27+32; дар шарқ шабона +5+10, рӯзона +15+20.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +34+39; дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +27+32. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +37+39.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +36+38.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +38+40.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +28+30.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.