Нашри маҷмӯаи суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон

Дар нашриёти «Контраст»-и пойтахт ба забони тоҷикӣ китоби арзишманд таҳти унвони «Суханҳои ҳикматомўзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» дар ҳаҷми 464 саҳифа, бо теъдоди 500 нусха аз чоп баромад. Ин китоб дар сатҳи баланди фарҳанги табъу нашр ва бо истифода аз нигораҳои миллӣ мунташир шудааст. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар […]

АМИТ «Ховар»

Дар нашриёти «Контраст»-и пойтахт ба забони тоҷикӣ китоби арзишманд таҳти унвони «Суханҳои ҳикматомўзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» дар ҳаҷми 464 саҳифа, бо теъдоди 500 нусха аз чоп баромад. Ин китоб дар сатҳи баланди фарҳанги табъу нашр ва бо истифода аз нигораҳои миллӣ мунташир шудааст.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ин маҷмўа суханҳои ҳикматомўзи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзўъҳои мухталиф, аз ҷумла дар бораи Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу осоиш ва Ваҳдати миллӣ, худшиносӣ, таърих, забони модарӣ, одобу ахлоқ, таълиму тарбия, занону бонувон, ҷавонон, ҷашни Наврўз, Конститутсияи ҷумҳурӣ фароҳам оварда шудаанд.

Мураттиб ва муаллифи пешгуфтор доктори илмҳои таърих, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робитаҳои хориҷӣ Зафар Сайидзода ва сармуҳаррири ин китоб доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Россия Масрур Абдуллоев изҳори умедворӣ намудаанд, ки омўхтан ва дастури амал қарор додани ин нуктаҳои ҳакимона ва афкори баланди Пешвои миллат ба падарону модарон, устодони мактабу донишгоҳҳо ва мураббиёни муассисаҳои тарбиявӣ дар кори парвариши насли наврас, ки масъули ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамон мебошад, мусоидат хоҳад кард.

Шакли электронии ин нашрия дар сомонаи интернетии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Россия дастраси оммаи васеи хонандагон хоҳад гашт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.