ТАЛКО конҳои тиллоро гирифта, вале алҳол ба коркарди он имкон надорад

Сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Мурод Ҷумъазода имрӯз ба журналистон изҳор намуд, ки ба тавозуни КВД “ТАЛКО” гузаронидани конҳои тилло дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд барои истифода ба муҳлати 25 сол бо мақсади аз буҳрон раҳо кардани ин ширкат сурат гирифта буд. Тибқи ҳисобу китоби пешакии “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) захираҳои тилло дар ин […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Мурод Ҷумъазода имрӯз ба журналистон изҳор намуд, ки ба тавозуни КВД “ТАЛКО” гузаронидани конҳои тилло дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд барои истифода ба муҳлати 25 сол бо мақсади аз буҳрон раҳо кардани ин ширкат сурат гирифта буд.

Тибқи ҳисобу китоби пешакии “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) захираҳои тилло дар ин конҳо – 55 тоннна ва нуқра ҳудуди 44 тоннаро ташкил дода, ширкат коркарди то 900 тонна маъдан дар як солро дар назар дошт.

Мурод Ҷумъазода зикр кард, ки ширкат то ҳол шарик барои маблағгузории муштарак ба амалисозии ин лоиҳаи бузургмиқёсро пайдо накардааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.