Қатъи маблағгузории барномаҳои радио ва телевизионҳои давлатии Туркманистон

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Барномаҳои телевизионӣ ва радиоии Кумитаи давлатии телевизион, радио ва кинематографияи Туркманистон дигар аз ҳисоби будҷа сармоягузорӣ намешаванд.

Тавре дар сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ дар ин робита иттилоъ дода мешавад, дар ин бора фармони президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов имзо шудааст, ки гуфта мешавад, ҳадафаш пешрафти минбаъдаи соҳа аст.

Қатъи маблағгузории барномаҳои радио ва телевизионҳои давлатии Туркманистон аз соли 2018 оғоз шуда, дар давоми 4 сол марҳала ба марҳала иҷро хоҳад гашт.

Бино ба хабарҳо, Девони вазирони Туркманистон ба кумита иҷозат додааст, ки дар асоси механизмҳои бозорёбӣ тавассути телевизион ва радиоҳои муайян хидматрасониҳои таблиғотиро ба роҳ монда, аз ҳисоби даромади он харҷи худро пӯшонад.

Дар Туркманистон, дар ҳоли ҳозир, 7 телевизион — "Алтин Асир", "Ёшлик", "Мерос", "Туркманистон", "Ишқобод", "Овози туркман", "Варзиши Туркманистон” ва 4 радио — "Чар тарапдан", "Мерос", “Овоз” ва "Ватан" пурра аз тарафи давлат назорат ва сармоягузорӣ мешаванд.

Президенти Туркманистон борҳо барномаҳои телевизионҳои давлатии кишварашро танқид кардаааст. Аз ҷумла, ӯ гуфтааст, ки аз суръати пешрафти телевизионҳои миллии кишвараш норозист.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...