Қатъи маблағгузории барномаҳои радио ва телевизионҳои давлатии Туркманистон

Барномаҳои телевизионӣ ва радиоии Кумитаи давлатии телевизион, радио ва кинематографияи Туркманистон дигар аз ҳисоби будҷа сармоягузорӣ намешаванд. Тавре дар сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ дар ин робита иттилоъ дода мешавад, дар ин бора фармони президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов имзо шудааст, ки гуфта мешавад, ҳадафаш пешрафти минбаъдаи соҳа аст. Қатъи маблағгузории барномаҳои радио ва телевизионҳои давлатии […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Барномаҳои телевизионӣ ва радиоии Кумитаи давлатии телевизион, радио ва кинематографияи Туркманистон дигар аз ҳисоби будҷа сармоягузорӣ намешаванд.

Тавре дар сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ дар ин робита иттилоъ дода мешавад, дар ин бора фармони президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов имзо шудааст, ки гуфта мешавад, ҳадафаш пешрафти минбаъдаи соҳа аст.

Қатъи маблағгузории барномаҳои радио ва телевизионҳои давлатии Туркманистон аз соли 2018 оғоз шуда, дар давоми 4 сол марҳала ба марҳала иҷро хоҳад гашт.

Бино ба хабарҳо, Девони вазирони Туркманистон ба кумита иҷозат додааст, ки дар асоси механизмҳои бозорёбӣ тавассути телевизион ва радиоҳои муайян хидматрасониҳои таблиғотиро ба роҳ монда, аз ҳисоби даромади он харҷи худро пӯшонад.

Дар Туркманистон, дар ҳоли ҳозир, 7 телевизион — "Алтин Асир", "Ёшлик", "Мерос", "Туркманистон", "Ишқобод", "Овози туркман", "Варзиши Туркманистон” ва 4 радио — "Чар тарапдан", "Мерос", “Овоз” ва "Ватан" пурра аз тарафи давлат назорат ва сармоягузорӣ мешаванд.

Президенти Туркманистон борҳо барномаҳои телевизионҳои давлатии кишварашро танқид кардаааст. Аз ҷумла, ӯ гуфтааст, ки аз суръати пешрафти телевизионҳои миллии кишвараш норозист.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.