Дастгирии ИА аз бахши тандурустиву маориф ва рушди деҳоти Тоҷикистон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии маъмурияти Комиссияи Аврупо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушд Стефано Мансервисро ба ҳузур пазируфта, дар мулоқот аз сатҳу сифати ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо (ИА) изҳори қаноатмандӣ карда, ҳар ду ҷониб омодагию ҳавасмандии худро барои тақвияти бештар ва пойдориву судмандии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид намуданд. Бино ба иттилои […]

Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии маъмурияти Комиссияи Аврупо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушд Стефано Мансервисро ба ҳузур пазируфта, дар мулоқот аз сатҳу сифати ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо (ИА) изҳори қаноатмандӣ карда, ҳар ду ҷониб омодагию ҳавасмандии худро барои тақвияти бештар ва пойдориву судмандии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид намуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, воситаи муҳими беҳбудбахши   ҳамшарикии  Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, қабл аз ҳама, татбиқи босамари  иқдомҳои солҳои охир, аз ҷумла амали «Стратегияи таҷдидшудаи Аврупо барои Осиёи Марказӣ»  хусусан Созишнома дар бораи шарикӣ ва ҳамкорӣ арзёбӣ шуд.

Бо  қаноатмандӣ  фаъолияти  воситаҳои  муҳими  тақвиятбахши  ҳамкориҳо, аз ҷумла кори муназзами  Шӯро ва Кумитаи ҳамкорӣ, ҳамчунин Кумитаи робитаҳои байнипарлумонӣ  ва  Муколама байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон таъкид гардида, татбиқи  муваффақонаи  Барномаи  индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2014-2020, ки  ҷудо гардидани маблағи  251 миллион евроро  ба Тоҷикистон дар се самти асосии ҳамкорӣ  тандурустӣ, маориф ва рушди деҳот   пешбинӣ менамояд,  ҳамчун  санади муҳими  беҳтарсози ҳамшарикӣ муҳим шуморида шуд.

Аз баргузории  ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ва дар доираи он муаррифӣ гардидани   Барномаи  рушд барои давраи то соли 2020  ва Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон  то соли 2030, ки барои расидан ба ҳадафаҳои дар ин санадҳо муайянгардида кишвари мо ба дастгирии  шарикони рушд ниёз дорад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо дар мулоқот ҳамчунин   масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои  иқтисодӣ,  энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва ҳалли мушкилоти амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зиди терроризм, экстремизм,  гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, мусоидат  дар  ба  эътидол овардани  вазъи сиёсию низомӣ  дар Афғонистон ва  тақвияти бештари имконияти   ҳифзи сарҳадот ва иқтидорҳои техникиву низомии ниҳодҳои марзбониро баррасӣ намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти ҳуши маснӯии сохташуда қарор гирифт

Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ниондиҳандаи баландтаринро Қазоқистон дорад

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.