Даъвати иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

Бо қарори раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум рӯзи 24 июл дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ даъват карда шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар рӯзномаи иҷлосия баррасии масъалаҳои ҷараёни татбиқи барномаҳо, нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри […]

Asia-Plus

Бо қарори раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум рӯзи 24 июл дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ даъват карда шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар рӯзномаи иҷлосия баррасии масъалаҳои ҷараёни татбиқи барномаҳо, нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи маориф ва навгониҳо дар ин самт ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин дар иҷлосия аз ҷараёни рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи якуми соли 2017 натиҷагирӣ шуда, вазифаҳо барои нимсолаи дуюм муайян карда мешаванд.

Аз вакилони Маҷлис хоҳиш карда шудааст, ки то санаи баргузории иҷлосия дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия пешниҳодҳои мушаххасро манзур намоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.