Президенти АИ ҶТ: Мо ба номзадии мансабдорон ба академикӣ мухолиф шуда наметавонем

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ зимни вохӯрӣ бо журналистон изҳор намуд, ки овозаҳо дар баъзе ВАО оид ба кӯшиши мансабдорони зиёд ҷиҳати пайвастан ба сафҳои Академия муболиғаомез аст.

Ба гуфтаи ӯ, имсол аз шумори умумии номзадҳо ба унвони академик ва узви вобастаи АИ Тоҷикистон ҳамагӣ 4 нафарашон мансабдорони давлатӣ мебошанд.

“Дар қонунҳои Тоҷикистон пешбарии номзадии мансабдорони давлатӣ ба унвони академик ва узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ манъ нашудааст ва мо наметавонем, ки мухолифи он бошем, – гуфт ӯ. – Дар ин ҳолат олими маъруф будан, нашри китобу монографияҳо, доштани мактаб ва шогирдони худ маҳаки асосӣ ба шумор меравад”.

Ӯ ба рӯзноманигорон итминон дод, ки маъракаи интихоби академикҳо ва узвҳои вобастаи нави АИ ҶТ қотеъона бо риояи қонунҳои кишвар, оиннома ва муқаррароти Академия сурат хоҳад гирифт. Академикҳо ва узвҳои нави вобастаи АИ ҶТ-ро 21 академик ва 33 узви вобастаи амалкунандаи Академия интихоб мекунанд.

Миёни номзадҳои  8 номзад ба унвони академикӣ ва 103 номзад ба унвони узви вобастаи АИ ҶТ пешбарӣ шудаанд. Синни онҳо аз 35 то 80-соларо ташкил медиҳад. Ҳамагӣ 5 академик ва 35 узви вобастаи нави Академия интихоб мешавад. Интихобот рӯзи 14 июл баргузор мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...