То охири сол тарифҳои об 10 фоиз боло меравад

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар нишасти хабарии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” иттилоъ дода шуд, ки айни замон ҳукумат масъалаи ба андозаи 10 фоиз боло бурдани тарифҳои истифодаи обро то охири соли равон баррасӣ дорад.

Муовини директори корхона Марҳабо Султонова дар ин робита изҳор намуд, ки ин талаби сармоягузорон аст. Тарифҳои баровардани партов алҳол боло бурда намешаванд.

Ба гуфтаи роҳбари Сарраёсати “Тоҷикобдеҳот” Бахтиёр Сафаров, айни замон аҳолии минтақаҳои Тоҷикистон (тарифҳои шаҳри Душанбе ҷудогона аз ҷониби сохтори зертобеъи шаҳрдорӣ муайян карда мешавад) барои ҳар як метри мукааби об 0,83 сомонӣ маблағ пардохт намуда, дар сурати қабули қарор, арзиши он то 0,94 сомонӣ боло меравад.

Зимнан зикр гардид, ки ҳозир барои 1 метри мукааби об ташкилотҳои буҷетӣ 1 сомониву 10 дирам ва ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ 2 сомониву 20 дирам пардохт мекунанд.

Дар Душанбе аз 1 октябри соли 2016  арзиши 1 метри мукааби об 0,62 сомониро ташкил медиҳад. Ин аз рӯи ҳисобкунаки об аст. Дар сурати мавҷуд набудани ҳисобкунак маблағи об аз рӯи шумораи истиқоматкунандагон дар манзил – барои ҳар кадоме 6,78 сомонӣ пардохт мешавад.

Бино ба маълумоти муовини аввали директори КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” Равшан Тӯйчизода, айни замон қарзи аҳолӣ ба корхона (бидуни назардошти Душанбе) ҳудуди 30 млн. сомониро ташкил дода, дар навбати худ корхона аз сармоягузорон 37 млн. доллар қарздор аст.

Қобили зикр аст, ки аз моҳи марти соли 2016 тарифҳои истифодаи об барои аҳолӣ, инчунин корхонаҳои хоҷагидорӣ ва тиҷоратӣ ба андозаи 10 фоиз боло бурда шуданд. Аз моҳи июли соли гузашта тарифҳои истифодаи об барои ташкилотҳои буҷетӣ низ 10 фоиз боло рафтанд.

Мутахассисони КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” мегӯянд, арзиши аслии воқеии як метри мукааби об 2,3 сомониро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...