Хатари селу тарма дар Рашт. Даҳҳо оила кӯчонида шуданд

Маркази матбуоти КҲФ ва МГ

Ҳаракати мошинҳо дар қисмати селзади роҳи Душанбе-Сангвор аз сар гирифта шуд, роҳ аз лойоба ва сангу рег тоза гардид.

Бино ба иттилои маркази матуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, 40 хонаводаи зери таҳдид хатар дар ноҳияи Тоҷикобод ба ҷойи амн интиқол ёфтанд. Мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда вазъро дар минтақаи ҷамъшудаи барф зери назорат гирифтаву вазъро меомӯзанд.

Гармои шадиди охири ҳафтаи гузашта ва аввали ҳафтаи ҷорӣ муҷиби об шудани барфҳо ва пиряхҳо дар манотиқи куҳии кишвар, аз ҷумла ноҳияи Тоҷикобод  шуд.

Чунончӣ, бар асари болоравии бесобиқаи ҳарорати ҳаво таҳдиди омадани сел дар рустоҳои Фатҳобод ва Капалии ноҳияи Тоҷикобод ба вуҷуд омад.

Барои пешгирӣ аз оқибатҳои эҳтимолии ҳолати фавқулодда Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия ба ҷойи ҳодиса омад ва Ситоди  муштарак созмон дод.

Барои назорати вазъ дар ноҳияи мазкур аз ду ҷониби рӯдхонаи Шӯрак постгоҳҳо гузошта шуданд. Мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда вазъро дар наздикии ҷойи ҷамъшавии  барф меомӯзанд. Дар айни замон ба маҷрои рӯдхона  об ва ифлосиҳое, ки зери барфу яхҳо омадаанд, ҷорист.

Бо мақсади таъмини амнияти мардум 40 оила, ки дар ҷойҳои пурхатар мезистанд, ба макони амн интиқол дода шуданд. Онҳо ҳоло бо ғизои гарм  ва ашёи зарурии рӯзгор таъминанд.

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда миёни марду корҳои таблиғотӣ мебаранд ва онҳоро аз омадни селу тармаи ногаҳонӣ огоҳ мекунанд, ҳамчунин қоидаҳои бехатарӣ дар чунин ҳолатҳоро меомӯзонанд.

13-уми июли соли 2017 бар асари боронҳои шадид сатҳи оби дарёи Хингоб дар ноҳияи Сангвор боло рафт ва он сабагори зери об мондани қисме аз роҳи мошингарди Сангвор-Душанбе шуд.

Барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия дастбакор шуда ва ҷиҳати тоза кардани роҳ техникаи роҳи вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ҷалб карда шудааст.

Дар айни замон ҳаракати мошинҳо дар ин қисмати зарадида аз офат аз сар гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.