Хатари селу тарма дар Рашт. Даҳҳо оила кӯчонида шуданд

Ҳаракати мошинҳо дар қисмати селзади роҳи Душанбе-Сангвор аз сар гирифта шуд, роҳ аз лойоба ва сангу рег тоза гардид. Бино ба иттилои маркази матуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, 40 хонаводаи зери таҳдид хатар дар ноҳияи Тоҷикобод ба ҷойи амн интиқол ёфтанд. Мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда вазъро дар минтақаи ҷамъшудаи барф зери назорат гирифтаву вазъро меомӯзанд. Гармои […]

Маркази матбуоти КҲФ ва МГ

Ҳаракати мошинҳо дар қисмати селзади роҳи Душанбе-Сангвор аз сар гирифта шуд, роҳ аз лойоба ва сангу рег тоза гардид.

Бино ба иттилои маркази матуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, 40 хонаводаи зери таҳдид хатар дар ноҳияи Тоҷикобод ба ҷойи амн интиқол ёфтанд. Мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда вазъро дар минтақаи ҷамъшудаи барф зери назорат гирифтаву вазъро меомӯзанд.

Гармои шадиди охири ҳафтаи гузашта ва аввали ҳафтаи ҷорӣ муҷиби об шудани барфҳо ва пиряхҳо дар манотиқи куҳии кишвар, аз ҷумла ноҳияи Тоҷикобод  шуд.

Чунончӣ, бар асари болоравии бесобиқаи ҳарорати ҳаво таҳдиди омадани сел дар рустоҳои Фатҳобод ва Капалии ноҳияи Тоҷикобод ба вуҷуд омад.

Барои пешгирӣ аз оқибатҳои эҳтимолии ҳолати фавқулодда Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия ба ҷойи ҳодиса омад ва Ситоди  муштарак созмон дод.

Барои назорати вазъ дар ноҳияи мазкур аз ду ҷониби рӯдхонаи Шӯрак постгоҳҳо гузошта шуданд. Мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда вазъро дар наздикии ҷойи ҷамъшавии  барф меомӯзанд. Дар айни замон ба маҷрои рӯдхона  об ва ифлосиҳое, ки зери барфу яхҳо омадаанд, ҷорист.

Бо мақсади таъмини амнияти мардум 40 оила, ки дар ҷойҳои пурхатар мезистанд, ба макони амн интиқол дода шуданд. Онҳо ҳоло бо ғизои гарм  ва ашёи зарурии рӯзгор таъминанд.

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда миёни марду корҳои таблиғотӣ мебаранд ва онҳоро аз омадни селу тармаи ногаҳонӣ огоҳ мекунанд, ҳамчунин қоидаҳои бехатарӣ дар чунин ҳолатҳоро меомӯзонанд.

13-уми июли соли 2017 бар асари боронҳои шадид сатҳи оби дарёи Хингоб дар ноҳияи Сангвор боло рафт ва он сабагори зери об мондани қисме аз роҳи мошингарди Сангвор-Душанбе шуд.

Барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия дастбакор шуда ва ҷиҳати тоза кардани роҳ техникаи роҳи вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ҷалб карда шудааст.

Дар айни замон ҳаракати мошинҳо дар ин қисмати зарадида аз офат аз сар гирифта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Барои навъҳои ҷудогонаи кондитсионерҳо меъёр се баробар ва барои қандилу чароғҳои деворӣ - ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.