«Агроинвестбонк» ба сармоягузории хориҷӣ умедвор аст

Барои таъмини фаъолияти пурсамар “Агроинвестбонк” воситаҳои ниҳодҳои молиявии хориҷиро ҷалб карданист. Тавре ба “Азия-Плюс” аз ҶСК “Агроинвестбонк” иттилоъ доданд, бонк аллакай дар ин самт бо чанде аз сармоягузорони имокпазир аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла Чин гуфтушунид дорад. Дар бонк қайд карданд, ки айни замон дар доираи дастгирии техникии Бонки аврупоии таҷдиду рушд мушвориони ширкати байнулмилалии […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Барои таъмини фаъолияти пурсамар “Агроинвестбонк” воситаҳои ниҳодҳои молиявии хориҷиро ҷалб карданист.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз ҶСК “Агроинвестбонк” иттилоъ доданд, бонк аллакай дар ин самт бо чанде аз сармоягузорони имокпазир аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла Чин гуфтушунид дорад.

Дар бонк қайд карданд, ки айни замон дар доираи дастгирии техникии Бонки аврупоии таҷдиду рушд мушвориони ширкати байнулмилалии консалтингии Alvarez&Marsal дар бонк машғули коранд.

Ба иттилои манбаъ, дар асосии баҳодиҳӣ ба вазъи молиявӣ ва таҳлили фахолияти амалиётии “Агроинвестбонк” мушовирон нақшаи навсозӣ ва раҳбарият ба амалисозии ин тарҳ, ҳамчунин модели нави амалиёти тиҷоратиро таҳия мекунанд.

“Бо анҷоми кор мушовирон ҳуҷҷатҳои зикршударо омода карда, хулосаи худро нисбат ба роҳу воситаҳои минбаъдаи фаъолияти бонк пешниҳод мекунанд ва сармоягузорони имконпазир, ки мо бо онҳо дар робита ҳастем, дар навбати худ пеш аз сармоягузории эҳтимолӣ ба бонк, интизори хулосаҳои мушовиронанд”, – шарҳ доданд дар бонк.

Мутаносибан, гуфт дар идома манбаъ,агар сармоягузори имконпазир баъди шиносоӣ бо хулосаи мушовирон ба пешниҳоди воситаҳо тасмим гирад, шартҳои пешниҳоди сармоягузорӣ, ҳаҷми воситаҳо, шакли маблағгузорӣ ва муҳлатҳои мушаххасро муайян мебояд кард.

“Ғайр аз ин, мушвирон ҳамчунин истифодаи пурсамари воситаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба бонкро низ арзёбӣ мекунанд ва натиҷаи ин баҳодиҳӣ низ дар хулосаи хотимавии онҳо дарҷ хоҳад ёфт”, – афзуданд дар бонк.

Қобили зикр аст, ки мутахассисони ширкати консалтингии Alvarez&Marsal ҳамчунин дар дигар бонки дорои мушкилоти ҷумҳурӣ – “Тоҷиксодиротбонк” низ фаъолият доранд.

Охири моҳи майи соли равон Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи имзои созишнома бо ширкати Alvarez&Marsal оид ба таҳияи тарҳи солимгардонии ду бонки низомсози кишвар – ҶСК”Агароинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” хабар дод. Зикр гардида буд, ки барои баргузрии ин корҳо Бонки аврупоии таҷдиду рушд аз лиҳози техникӣ кумак мекунад.

«Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» аз оғози соли гузашта аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои худ назди мизоҷон баромада наметавонанд. Маъмурияти муваққатии БМТ соли гузашта ба ислоҳи вазъ дар ин бонкҳо шурӯъ карда, ҳукумат низ ба ин бонкҳо ҷиҳати ислоҳи вазъ дар маҷмӯъ 3 млрд. 320 млн. сомонӣ кумак кард.

Alvarez & Marsal (A&M) яке аз ширркатҳои пешсафи ҷаҳон дар соҳаи идораи зиддибуҳронӣ, лоиҳаҳо оид ба бозсозӣ, муфлисшавӣ ва беҳбуди самаранокии амалиётӣ мебошад. Ширкат дар кишварҳои Амрикои Шимолӣ, Аврупо, Шарқи Наздик, Осиё ва Амрикои Лотинӣ кор мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.