Талаби аз Қатар ба ҷойи дигар гузаронидани Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Ҷонни Инфантино гуфтааст, Арабистони Саудӣ, Яман, Баҳрайн, АМА, Миср ва Мавритания талаб доранд, ки Ҷоми ҷаҳонии футбол – 2022 дар Қатар баргузор нашавад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба иддаои кишварҳои араб, Қатар "ҷонибдор"-и терроризм буда, наметавонад амнияти мухлисонро ҳангоми баргузории бозиҳо таъмин кунад. Шашгона гуфтааст, дар сурати рад шудани талабаш мусобиқотро таҳрим мекунад.

Инфантино гуфтааст, талаби ин кишварҳо бино бар банди 85-уми низомномаи ФИФА ("ҳолатҳои ғайричашмдошт") сурат гирифтааст, ки ба раҳбарияти созмон ҳақ медиҳад, мусобиқотро манъ ё маҳалли баргузории онро иваз намояд.

Президенти ФИФА ҳамчунин илова кардааст, ки кишварҳои мазкур омодаанд, дар робита ба мизбонӣ аз Ҷоми ҷаҳонии футбол 2022 миёни кишварҳои узв назарпурсӣ гузаронанд.

Саудия, Баҳрайн, АМА ва Миср 5 июн робитаҳои дипломатиро бо Қатар қатъ карда, Доҳаро дар ноором сохтани вазъи дохилии кишварҳои араб ва ҳимоят аз терроризм айбдор карданд. Дертар ба сафи онҳо Молдив, Яман, Мавритания, Маврикий, Иттиҳоди ҷазираҳои Қамар ва Либия ҳамроҳ гаштанд. Қатар иддаои ҳамсояҳои худро рад карда, амали онҳоро дастдарозӣ ба соҳибихтиёрии Доҳа номид.

Қатар ҳаққи мизбонӣ аз Ҷоми ҷаҳонии футболро 2 декабри соли 2010 дарёфт карда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.