Суҳбатҳои инфиродии фаъолзанон байни фурӯшандаҳову харидорон

Маркази матбуоти Кумитаи кор ба занон ва оилаи ҶТ

Ҷиҳати аз байн бурдани бегонапарастиву тақлидкорӣ  ва пешгирии вуруди фарҳанги бегонапарастӣ дар пӯшидани либос Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази савдои «Шанхайбозор», миёни фурӯшандаҳо ва харидороне, ки рӯ ба бегонапарастӣ овардаанд, суҳбатҳои инфиродӣ анҷом дод.

Дар рафти чорабинӣ маълум гардид, ки то ба ҳанӯз миёни фурӯшандаҳои бозор анъанаҳои тақлидкорӣ, рӯ овардани занону бонувон ба бегонапарастӣ ҷой дорад.

Ҳамзамон, аз ҷониби бархе аз фурӯшандаҳо ба фурӯш баровардани сарбанде, ки бо номи «турба» муаррифӣ гардидааст, ба назар мерасад.

Қисми зиёди занону бонувон аз банди худнамоӣ ва таассуби тақлидкориву ҷиҳозпарастӣ раҳо нагардида, ,барои харидории либосҳои дарози ба фарҳанги мо хос набуда вуруди бозор мешуданд.  Бархе аз занон бо бастани сарбанди  ба истилоҳ «турба» гаштугузор доштанд, ки бо чунин занон низ суҳбати инфиродӣ гузаронида шуд.

Дар ин масир мо занону модарон мебояд, ки фарзандони худро дар рӯҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия намуда, баҳри нигоҳдоштани фарҳанги миллӣ, ки либос яке аз рукнҳои асосии он мебошад, мубориза барем.

Қобили қайд аст, ки чунин суҳбатҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни бархе аз мардон дар маркази савдои мазкур гузаронида шуд.

Дар оянда низ чунин чораҳои пешгирикунанда ва корҳои фаҳмондадиҳӣ идома хоҳанд ёфт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...