Суҳбатҳои инфиродии фаъолзанон байни фурӯшандаҳову харидорон

Ҷиҳати аз байн бурдани бегонапарастиву тақлидкорӣ  ва пешгирии вуруди фарҳанги бегонапарастӣ дар пӯшидани либос Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази савдои «Шанхайбозор», миёни фурӯшандаҳо ва харидороне, ки рӯ ба бегонапарастӣ овардаанд, суҳбатҳои инфиродӣ анҷом дод. Дар рафти чорабинӣ маълум гардид, ки то ба ҳанӯз миёни фурӯшандаҳои бозор анъанаҳои тақлидкорӣ, […]

Маркази матбуоти Кумитаи кор ба занон ва оилаи ҶТ

Ҷиҳати аз байн бурдани бегонапарастиву тақлидкорӣ  ва пешгирии вуруди фарҳанги бегонапарастӣ дар пӯшидани либос Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази савдои «Шанхайбозор», миёни фурӯшандаҳо ва харидороне, ки рӯ ба бегонапарастӣ овардаанд, суҳбатҳои инфиродӣ анҷом дод.

Дар рафти чорабинӣ маълум гардид, ки то ба ҳанӯз миёни фурӯшандаҳои бозор анъанаҳои тақлидкорӣ, рӯ овардани занону бонувон ба бегонапарастӣ ҷой дорад.

Ҳамзамон, аз ҷониби бархе аз фурӯшандаҳо ба фурӯш баровардани сарбанде, ки бо номи «турба» муаррифӣ гардидааст, ба назар мерасад.

Қисми зиёди занону бонувон аз банди худнамоӣ ва таассуби тақлидкориву ҷиҳозпарастӣ раҳо нагардида, ,барои харидории либосҳои дарози ба фарҳанги мо хос набуда вуруди бозор мешуданд.  Бархе аз занон бо бастани сарбанди  ба истилоҳ «турба» гаштугузор доштанд, ки бо чунин занон низ суҳбати инфиродӣ гузаронида шуд.

Дар ин масир мо занону модарон мебояд, ки фарзандони худро дар рӯҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия намуда, баҳри нигоҳдоштани фарҳанги миллӣ, ки либос яке аз рукнҳои асосии он мебошад, мубориза барем.

Қобили қайд аст, ки чунин суҳбатҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни бархе аз мардон дар маркази савдои мазкур гузаронида шуд.

Дар оянда низ чунин чораҳои пешгирикунанда ва корҳои фаҳмондадиҳӣ идома хоҳанд ёфт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.