Грантҳои бебозгашти Бонки Эсхата ба хоҷагиҳои деҳқонӣ

Иттилоияи расмӣ

Усмоналӣ Муродалиев аз ноҳияи Шаҳритӯс ва Ислом Абдиев аз ноҳияи Носири Хисрави вилояти Хатлон, ки мизоҷони Бонки Эсхата маҳсуб меёбанд дар рафти чорабинии “Рӯзи дарҳои кушоди лоиҳаи баланд бардоштани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон” соҳиби 20% маблағи гранти бебозгашт аз ҳаҷми умумии қарз гардиданд.

Чорабинӣ аз тарафи Иттиҳоди Аврупо, лоиҳаи ECTAP, Бонки Эсхата ва мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои Бохтар ва Шаҳритузи вилояти Хатлон ташкил карда шуд. Зиёда аз 380 фермерон, хоҷагиҳои деҳқонӣ дар бораи лоиҳа, имкониятҳои гирифтани техникаи хоҷагии қишлоқ тариқи хатти қарзии Бонки Эсхата ва оид ба дастгирии грантии Иттиҳоди Аврупо маълумоти муфассал пайдо карданд.

Зиёда аз 380 фермерон ва соҳибони хоҷагиҳои деҳқонӣ дар бораи лоиҳа ва имкониятҳои харидории техникаи хоҷагии қишлоқ тариқи хатти қарзии Бонки Эсхата ва дастгирии грантӣ аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маълумот гирифтанд.

Чуноне ки худи мизоҷон итилоъ доданд, бо гирифтани қарз онҳо умед надоштанд, ки соҳиби гранти бебозгашт мегарданд. “Ин кӯмаки бебозгашт барои рушди хоҷагии қишлоқ такони ҷиддӣ хоҳад гардид”, –қайд намуданд мизоҷон.

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳа хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсони инфиродӣ қарзҳои дастрасро барои рушди соҳаҳои сабзавоткорӣ, растанипарварӣ, боғу токпарварӣ, чорводорӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти гуштиву ширӣ  гирифта метавонанд.

Хотиррасон мекунем, ки Бонки Эсхата бо мақсади рушди соҳаи аграрӣ ва соҳибкорӣ дар ҶТ иштирокчии лоиҳаи баланд бардоштани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон (ECTAP) гардид, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ва Бонки Аврупоии Рушду таҷдид дастгирӣ ёфтааст.

Ин лоиҳа маблағгузории хариди техникаи хоҷагии қишлоқ ва таҷҳизотро, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо дар ҳамкорӣ бо БАРТ мақбул шудаанд, пешбинӣ мекунад.  Гузашта аз ин имконияти гирифтани грант дар ҳаҷми 20% аз андозаи қарз дар назар аст.

Маълумоти иловагиро аз рӯи суроғаи зерин http://www.eskhata.com/tj/individuals/lending/lending_types/#product-2505 ё бо рақами 44 600 0 600 дастрас карда метавонед.

Лоиҳаи ECTAP моҳи декабри соли 2014 оғоз гардида, муҳлати татбиқи он – 4,5 сол (то майи 2019), ҷиҳати рушди истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ, коркарди он ва содироти он маҳсуб меёбад. Маблағгузори лоиҳаи ECTAP Иттиҳоди Аврупо мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.