Гумонбарии як сокини пойтахт ба ташкили фоҳишахонаҳо

Кормандони Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилӣ марди 54-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансури пойтахтро бо гумони ташкил ва нигоҳдошти фоҳишахона дастгир карданд. Бинои ба иттилои ВКД Тоҷикистон, номбурда дар кӯчаи Лоҳутӣ манзилеро муваққатан ба иҷора гирифта, ба фоҳишахона табдил дода, ба марди 28-сола ва зани 29-солаи сокинони пойтахт барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз […]

Asia-Plus

Кормандони Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилӣ марди 54-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансури пойтахтро бо гумони ташкил ва нигоҳдошти фоҳишахона дастгир карданд.

Бинои ба иттилои ВКД Тоҷикистон, номбурда дар кӯчаи Лоҳутӣ манзилеро муваққатан ба иҷора гирифта, ба фоҳишахона табдил дода, ба марди 28-сола ва зани 29-солаи сокинони пойтахт барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 1000 рубли Федератсияи Россия мукофотпулӣ гирифтааст.

Номбурда ҳамчунин дар кӯчаи Назаршоеви пойтахт дукони Кошонаи ҳусни табобатӣ кушода, кошонаи мазкурро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: марди 23-сола ва зани 36-солаи сокинони пойтахт барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 140-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Ҳамин тариқ, ӯ  дар кӯчаи Айнии пойтахт дукони Кошонаи ҳусни табобатӣ кушода, кошонаи мазкурро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: марди 35-сола ва зани 29-солаи сокинони шаҳри Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 100 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтаааст.

Гуфта мешавад, аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.