Грантҳои бебозгашти Бонки Эсхата ба хоҷагиҳои деҳқонӣ

Усмоналӣ Муродалиев аз ноҳияи Шаҳритӯс ва Ислом Абдиев аз ноҳияи Носири Хисрави вилояти Хатлон, ки мизоҷони Бонки Эсхата маҳсуб меёбанд дар рафти чорабинии “Рӯзи дарҳои кушоди лоиҳаи баланд бардоштани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон” соҳиби 20% маблағи гранти бебозгашт аз ҳаҷми умумии қарз гардиданд. Чорабинӣ аз тарафи Иттиҳоди Аврупо, лоиҳаи ECTAP, Бонки Эсхата ва мақомотҳои маҳаллии […]

Иттилоияи расмӣ

Усмоналӣ Муродалиев аз ноҳияи Шаҳритӯс ва Ислом Абдиев аз ноҳияи Носири Хисрави вилояти Хатлон, ки мизоҷони Бонки Эсхата маҳсуб меёбанд дар рафти чорабинии “Рӯзи дарҳои кушоди лоиҳаи баланд бардоштани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон” соҳиби 20% маблағи гранти бебозгашт аз ҳаҷми умумии қарз гардиданд.

Чорабинӣ аз тарафи Иттиҳоди Аврупо, лоиҳаи ECTAP, Бонки Эсхата ва мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои Бохтар ва Шаҳритузи вилояти Хатлон ташкил карда шуд. Зиёда аз 380 фермерон, хоҷагиҳои деҳқонӣ дар бораи лоиҳа, имкониятҳои гирифтани техникаи хоҷагии қишлоқ тариқи хатти қарзии Бонки Эсхата ва оид ба дастгирии грантии Иттиҳоди Аврупо маълумоти муфассал пайдо карданд.

Зиёда аз 380 фермерон ва соҳибони хоҷагиҳои деҳқонӣ дар бораи лоиҳа ва имкониятҳои харидории техникаи хоҷагии қишлоқ тариқи хатти қарзии Бонки Эсхата ва дастгирии грантӣ аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маълумот гирифтанд.

Чуноне ки худи мизоҷон итилоъ доданд, бо гирифтани қарз онҳо умед надоштанд, ки соҳиби гранти бебозгашт мегарданд. “Ин кӯмаки бебозгашт барои рушди хоҷагии қишлоқ такони ҷиддӣ хоҳад гардид”, –қайд намуданд мизоҷон.

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳа хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсони инфиродӣ қарзҳои дастрасро барои рушди соҳаҳои сабзавоткорӣ, растанипарварӣ, боғу токпарварӣ, чорводорӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти гуштиву ширӣ  гирифта метавонанд.

Хотиррасон мекунем, ки Бонки Эсхата бо мақсади рушди соҳаи аграрӣ ва соҳибкорӣ дар ҶТ иштирокчии лоиҳаи баланд бардоштани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон (ECTAP) гардид, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ва Бонки Аврупоии Рушду таҷдид дастгирӣ ёфтааст.

Ин лоиҳа маблағгузории хариди техникаи хоҷагии қишлоқ ва таҷҳизотро, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо дар ҳамкорӣ бо БАРТ мақбул шудаанд, пешбинӣ мекунад.  Гузашта аз ин имконияти гирифтани грант дар ҳаҷми 20% аз андозаи қарз дар назар аст.

Маълумоти иловагиро аз рӯи суроғаи зерин http://www.eskhata.com/tj/individuals/lending/lending_types/#product-2505 ё бо рақами 44 600 0 600 дастрас карда метавонед.

Лоиҳаи ECTAP моҳи декабри соли 2014 оғоз гардида, муҳлати татбиқи он – 4,5 сол (то майи 2019), ҷиҳати рушди истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ, коркарди он ва содироти он маҳсуб меёбад. Маблағгузори лоиҳаи ECTAP Иттиҳоди Аврупо мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.