Дар Душанбе лавҳаи деринтизори «I love Dushanbe» сохта шуд

Шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон соҳиби боз як макони нави ҷалби сайёҳон — лавҳаи "I love Dushanbe" (Ман Душанберо дӯст медорам) шуд. Маросими пардабардорӣ аз ин лавҳа шаби 24 ба 25 июл баргузор гашт. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин лавҳа дорои муҷассамаи қалби сурх ва навиштаи "I love Dushanbe" бо ҳарфҳои сафед […]

Asia-Plus

Шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон соҳиби боз як макони нави ҷалби сайёҳон — лавҳаи "I love Dushanbe" (Ман Душанберо дӯст медорам) шуд. Маросими пардабардорӣ аз ин лавҳа шаби 24 ба 25 июл баргузор гашт.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин лавҳа дорои муҷассамаи қалби сурх ва навиштаи "I love Dushanbe" бо ҳарфҳои сафед буда, дар майдони назди Маҷмааи "Диёри Душанбе" дар иҳотаи фаввораҳои ранга насб шудааст.

Интизор меравад, ин макон дар оянда яке аз ҷойҳои маъруф ва дӯстдоштаи сокинон ва сайёҳон, аз ҷумла ҷавонон гардад. Онро ширкати "Қатар-Диёр-Тоҷикистон" аз ҳисоби худ насб карда, масъулонаш мегӯянд, хостанд, ки бо ин роҳ саҳми худро дар машҳур гардонидани пойтахти Тоҷикистон гузоранд.

"Тарҳи мо як бахши пойтахт аст ва мо талош мекунем, ки шаҳри дӯстдоштаи худро зебову замонавӣ гардонем. Дар бисёре аз кишварҳои дунё ин гуна лавҳа мавҷуд аст ва бинобар ин тасмим гирифтем, ки шаҳри мо ҳам онро дошта бошад. Бовар дорем, яке аз маконҳои машҳури аксбардорӣ ва гирифтани селфӣ дар Душанбе хоҳад шуд", – гуфтанд намояндагони ширкат.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.