БҶ: Рушди иқтисоди Тоҷикистон соли 2019 беҳтар мешавад

Соли 2017 суръати афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и воқеии Тоҷикистон суст шуда, давоми солҳои 2018-2019 тадриҷан то сатҳи барқароршавӣ мерасад. Мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) пешгӯӣ мекунанд, ки тӯли солҳои 2018-2019 рушди иқтисодӣ дар кишвар поинтар аз сатҳи соли 2016 боқӣ мемонад. Дар гузориши чопшудаи Бонк доир ба иқтисоди ҶТ қайд мешавад, ки мушкилии тӯлонӣ дар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Соли 2017 суръати афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и воқеии Тоҷикистон суст шуда, давоми солҳои 2018-2019 тадриҷан то сатҳи барқароршавӣ мерасад.

Мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) пешгӯӣ мекунанд, ки тӯли солҳои 2018-2019 рушди иқтисодӣ дар кишвар поинтар аз сатҳи соли 2016 боқӣ мемонад.

Дар гузориши чопшудаи Бонк доир ба иқтисоди ҶТ қайд мешавад, ки мушкилии тӯлонӣ дар бахши молия, осебпазирии афзоянда дар корхонаҳои давлатӣ ва муҳити номусоиди корӣ ба дурнамои рушди иқтисодии Тоҷикистон таъсир мерасонад.

Мувофиқи пешгӯии иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ, аз рӯи натиҷаҳои соли 2017 рушди воқеии ММД Тоҷикистон 5,5 фоизро ташкил хоҳад дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2016 ба андозаи 1,4 фоиз камтар аст. Соли 2018 афзоиши воқеии ММД Тоҷикистон то 5,9 фоиз бештар шуда, соли 2019 то ба 6,1 фоиз мерасад. Қобили зикр аст, ки соли 2016 рушди воқеии ММД Тоҷикистон 6,9 фоизро ташкил дода буд.

Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ се соли наздик мизони таваррум дар нархҳои истеъмолии Тоҷикистонро 7 фоиз пешгӯи мекунанд. Аз рӯи натиҷаҳои соли 2016 нарху тарифҳо дар Тоҷикистон 5,9 фоиз боло рафтанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.