Пешгирии қочоқи миқдори зиёди диазепам аз Афғонистон

Кормандони Раёсати минтақавии Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ дар вилояти Хатлон аз қочоқи маводи психотропӣ ва доруворӣ пешгирӣ намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Хадамоти гумрук, зимни азназаргузаронии автомашинаи боркаши тамғаи “Дулан” дар гузаргоҳи гумрукии Панҷи Поён пинҳонгоҳе ошкор шудааст, ки дар он ронанда, сокини 33-солаи ноҳияи Вахш дорувориро ғайриқонунӣ ба қаламрави Тоҷикистон ворид карданӣ будааст. “Муайян […]

Asia-Plus

Кормандони Раёсати минтақавии Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ дар вилояти Хатлон аз қочоқи маводи психотропӣ ва доруворӣ пешгирӣ намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Хадамоти гумрук, зимни азназаргузаронии автомашинаи боркаши тамғаи “Дулан” дар гузаргоҳи гумрукии Панҷи Поён пинҳонгоҳе ошкор шудааст, ки дар он ронанда, сокини 33-солаи ноҳияи Вахш дорувориро ғайриқонунӣ ба қаламрави Тоҷикистон ворид карданӣ будааст.

“Муайян гардид, ки шаҳрванд Т. И. дохили кабинаи воситаи наклиёт, дар кати хоби ронанда 3 халта маводи дорувории «Gelofusine» ба миқдори 186 дона, 300 қуттича ба миқдори умумии 7 ҳазору 500 ампула маводи дорувории «Diazepam injection 10mg/2 ml, 25x2ml», 7 қуттича ба миқдори 840 дона балзам «Clometasol 0.05%» – ро пинҳон намуда, мехост, бидуни назорати гумрукӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намояд”, – омадааст дар маълумоти Хадамоти гумрук.

Гуфта мешавад, тибқи хулосаи химиявию фармасевтии Хадамоти давлатии фаъолияти фармасевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, маводҳои дорувории «Diazepam injection 10mg/2 ml,25x2ml», шомили гурӯҳи маводҳои психотропии дар тиб истифодашаванда буда, вазни холиси он 75 граммро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати шаҳрванд Т. И. бо моддаи 200 қисми 2 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи ноҳияи Ҷайҳун ирсол карда шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.