Чораҳои фаврӣ ҷиҳати пайвасти пурраи манзилҳои пойтахт ба шабакаҳои гармидиҳӣ

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар иҷлосия ҷараёни татбиқи барномаҳо, нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи маориф ва навгониҳо дар ин самт баррасӣ шуда, аз рушди пойтахт дар нимсолаи аввали […]

Asia-Plus

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар иҷлосия ҷараёни татбиқи барномаҳо, нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи маориф ва навгониҳо дар ин самт баррасӣ шуда, аз рушди пойтахт дар нимсолаи аввали соли равон натиҷагирӣ шуд.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ назди роҳбарони сохторҳои дахлдори пойтахт доир ба тоза кардани партовҳои маишӣ, саривақт безарар гардондан ва кашондани онҳо, роҳандозии корҳои амалӣ ҷиҳати ба талаботи муосир мутобиқ намудани низоми равшандиҳии шаҳр вазифаҳои мушаххас гузошт.

Ба сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии сӯхторҳо дар бозорҳо ва марказҳои савдо чораҷӯӣ намоянд.

Сарраёсати маориф вазифадор гардид, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр барои пешгирӣ ва кам кардани шумораи ноболиғони оворагард, талбандагон ва ҷоннок намудани корҳои тарбиявӣ бо саркардагони муноқишаҳо миёни хонандагони муассисаҳо чораҷӯи намуда, то охири сол ба Раиси шаҳр  ахбор манзур намояд.

Сохторҳои масъул ва раисони ноҳияҳои шаҳр вазифадор шуданд, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ҷиҳати бо пуррагӣ пайваст шудани ҳамаи биноҳои истиқоматӣ ба шабакаҳои гармидиҳӣ чораҳои фаврӣ андешида, то мавсими зимистонгузаронӣ ба раиси шаҳр ҳисобот пешниҳод намоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.