Ҳосили писта дар Тоҷикистон сол то сол кам мешавад

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Директори Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон Азизулло Исматзода зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки имсол дар ҷумҳурӣ ҷамъоварии тақрибан 103 тонна ҳосили писта дар назар аст, ки дар муқоиса бо солҳои пешин нисбатан камтар аст.

Ба гуфтаи ӯ, дар шароити минтақаи Осиёи Марказӣ аз як дарахти писта 5-7 кило ҳосили писта гирифтан имкон дошта, дар Тоҷикистон ҳосили онро бо кумаки аҳолӣ тариқи қарордод дастӣ ҷамъоварӣ мекунанд.

«Дар доираи лоиҳаи дастгиришуда аз ҷониби бонки олмонии KFW дар хоҷагиҳои ҷангали озмоишии ноҳияҳои Фархор, Ховалинг, Ванҷ ва ВМКБ 688 га майдони нави ҷангал бунёд ва дар онҳо ҳудуди 750 ҳазор бех дарахтони гуногун шинонида шудааст, ки миёни онҳо писта низ хеле зиёд аст, – гуфт ӯ. – Ин дарахт баъди 6-7 сол ба ҳосил даромада, пас аз 10 сол аз он метавон даромад ба даст овард».

Бино ба маълумоти сарчашмаҳои дигар, ҳосилнокии миёнаи писта дар Тоҷикистон 70-80 кг/га-ро ташкил медиҳад, ки аз нишондиҳандаҳои ҷаҳонӣ хеле камтар аст. Дар Эрон, Юнон, ИМА, Туркия ва дигар кишварҳо аз 1 гектар ба ҳисоби миёна 1-2 тонна ҳосили писта ҷамъоварӣ мешавад.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.