Ҳукми 23 соли зиндон ба сокини шаҳри Турсунзода барои қатли бераҳмонаи ҳамдиёраш

Asia-Plus

Суди олии Тоҷикистон сокини шаҳри Турсунзода Умедҷон Иззатовро барои содир намудани ҷинояти куштори вазнин ба 23 соли зиндон маҳкум кард.

Тавре дафтари матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, маҳкумшуда дар заминаи хусумати шахсии қаблии бо Абдулҳомид Усмонов доштааш, ки номбурда нисбаташ доимо беэҳтиромӣ карда ӯро таҳқир ва дашном медод, бо мақсади куштори охирон аз ошхонаи манзили истиқоматиаш корди хоҷагиро гирифта, ба манзили истиқоматии Усмонов А.А., воқеъ дар деҳаи Янгибоғи шаҳри Турсунзода рафта, бо ӯ вохӯрдааст.

«Зимни суҳбат дар ошёнаи дуюми бинои истиқоматии сохтмонаш нотамоми Усмонов А.А., ӯ бо истифодаи корди бо худ доштааш бо сангдилии махсус 14 зарба ба узвҳои ҳаётан муҳими охирон задааст, ки номбурда ҳангоми ба беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода дастрас намудан, аз ҷароҳатҳои бардоштааш ба ҳалокат расидааст», – қайд мешавад дар маълумоти Прокуратураи генералӣ.

Гуфта мешавад, ӯ ба падари Усмонов, ки ба ҳимояти писараш омадааст, низ бо корд ду зарба зада, вале ба табибони маҳаллӣ муяссар мегардад, ки ӯро наҷот диҳанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.