Муовини Рустами Эмомалӣ: Ҳама гуна амали мо бояд бидуни хушунат бошад

Asia-Plus

Муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зубайдзода дар робита ба мушкилоти савдои кӯчагӣ дар пойтахт изҳор намуд, ки онҳо тадриҷан ва бидуни тадбирҳои таъҷилӣ роҳи ҳалли худро пайдо мекунанд.

«Мо талош дорем, ки савдои кӯчагиро дар гирду атрофи бозорҳо, нуқтаҳои фурӯш ва ҷойҳои серодам ба тартиб орем, вале ин як вақти муайянеро тақозо мекунад», – гуфт зимни нишасти хабарии рӯзи 25 июл Зубайдзода.

Ба гуфтаи ӯ, ба савдои кӯчагӣ аксаран занон аз оилаҳои камбизоат машғуланд, ки барои ифтитоҳи дӯкон ё иҷораи ҷойи доимӣ дар бозорҳо шароит надоранд.

«Ин одамонро фаҳмидан даркор аст. Мо кӯшиш дорем, ки ба онҳо кумак кунем, пешниҳод мекунем, ки борашонро дар бозорҳо бидуни пардохти маблағи ҷой савдо кунанд, вале бисёриҳо ба ин розӣ нашуда, чунин мешуморанд, ки бо ин тарз онҳо борашонро тезтар мефурӯшанд. Албатта, ин ҷараёнро метавон пешгирӣ кард, вале мо кӯшиш дорем, ки онро тадриҷан, зина ба зина ҳал кунем. Хеле муҳим он аст, ки ҳама гуна амали мо бидуни зӯроварӣ бошад», – иброз дошт муовини аввали раиси пойтахт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.