Таваҷҷуҳи ширкати фаронсавии Hydrokarst ба бозори Тоҷикистон

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои Asia-Plus

Ширкати фаронсавии Hydrokarst ба бахши энергетикии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз ҷумла ин ширкат метавонад корҳои тозакунии обанборҳо дар нерӯгоҳҳои Норак ва Қайроққумро анҷом диҳад.

Бо ин мақсад менеҷери тиҷоратии ширкат Ҷереми Брунет Манкуат ба Тоҷикистон ташриф оварда, ҳадафи ин боздид омӯзиши имконоти энергетикии Тоҷикистон ва ҳамчунин имкони иштирок дар тендерҳои азнавсозии иншооти гидротехникӣ унвон мешавад.

Ба қавли номбурда, ширкати Hydrokarst масъалаи иштирок дар тендер оид ба лоиҳаи корҳои азнавсозии нерӯгоҳҳои Норак ва Қайроққумро мавиди омӯзишу баррасӣ қарор додааст, ки дар корҳои мазкур дар нерӯгоҳи дуюм як ширкати украинӣ ҳам иштирок карда метавонад.

«Мо имкон дорем, ки бидуни партоби об дар чуқурии то 150 метр корҳои тозакунии обанбор аз таҳшинҳоро ба иҷро расонем, ки хеле судманд аст, зеро дар ин ҳолат зимни тозакунии обанбор нерӯи барқ талаф намеёбад», – гуфтааст Брунет.

Ба гуфтаи намояндаи ширкат, тӯли сафари дурӯза дидору гуфтушунидҳо бо раҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои об, ширкати «Барқи тоҷик» ва ҳамчунин ниҳодҳои молии байнулмилалӣ ба нақша гирифта шудаст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.