Дар шарҳнависӣ мулоҳизакор бошед, ҷавобгарӣ дошта метавонад

Asia-Plus

Ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати дастрасии маълумот дар бораи аз кадом саҳифаҳои шабакаи Интернет боздид намудани шаҳрвандони кишвар ҳуқуқ дода шудааст.

Барои боздид аз баъзе сомонаҳои “номатлуб” аз озодӣ маҳрум шудан ҳам имкон дорад. Акун маълум шуд, ки барои шарҳу тавзеҳҳои зери маводу хабар низ ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб карда метавонанд…

Пайгириву санҷиш интихобӣ мешавад

Вакили палатаи поёнии парлумон Ҷӯрахон Маҷидзода ҳанӯз санаи 7 июн зимни суханронӣ дар минбари парлумон изҳор дошта буд, ки тоҷикистониён аз ифротгароён ва террористон бо даъвати пайвастан ба онҳо  ҳамарӯза то 90 ҳазор SMS-паёмакҳо мегиранд.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз беш аз 3 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба шабакаи интернет дастрасӣ дошта, зиёда аз 80 фоизи онҳо аз сомонаҳои номатлуб боздид мекунанд, ки ба созмонҳои ифротгаро ва террористӣ тааллуқ доранд.

Дар ин робита вакил пешниҳод намуд, ки ба қонун «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» тағйирот ворид гардад. Мутобиқи он акнун баъди тасдиқ дар палатаи болоӣ, кормандони сохторҳои қудратӣ ба дастрасии маълумот дар бораи шахсоне, ки аз сомонаҳои «номатлуб» боздид мекунанд, ҳуқуқ пайдо мекунанд.

Дастрасии нусхаи лоиҳаи тағйирот ба қонуни мазкур муяссар нашуд, лекин вакили палатаи поёнии парлумон ва раиси Ҳизби демократ Саидҷаъфар Исмонов ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки “пайгирӣ” ё худ санҷиши аз кадом сомонаҳо боздид кардани шаҳрвандон дар шабакаи Интернет интихобӣ сурат хоҳад гирифт.

Ба гуфтаи ӯ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ худашон мустақилона шахсонеро интихоб хоҳанд кард, ки пайгириву санҷиши фаъолияти онҳо дар шабака зарур аст ва дар як вақту якбора пайгириву санҷиши 7 млн. нафар шаҳрвандон ғайриимкон аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...