Кобулов: «Нерӯи низомӣ дар сурати таҳдиди воқеии ДИ истифода мешавад»

Замир Кобулов, фиристодаи махсуси Русия дар умури Афғонистон, гуфтааст, ки танҳо дар сурати таҳдиди воқеии ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” (ДИ) аз Афғонистон ба кишварҳои узви СААД (ОДКБ) аз нирӯи низомӣ кор гирифта хоҳад шуд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Замир Кобулов изҳор намудааст, ки дар мавриди истифодаи кадом навъи нерӯҳо мақомоти низомӣ […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Замир Кобулов, фиристодаи махсуси Русия дар умури Афғонистон, гуфтааст, ки танҳо дар сурати таҳдиди воқеии ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” (ДИ) аз Афғонистон ба кишварҳои узви СААД (ОДКБ) аз нирӯи низомӣ кор гирифта хоҳад шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Замир Кобулов изҳор намудааст, ки дар мавриди истифодаи кадом навъи нерӯҳо мақомоти низомӣ тасмим мегиранд.

Пештар аз ин ӯ зикр карда буд, ки Москва аз афзоиши ҷангҷӯёни ДИ дар Афғонистон ва талоши онҳо барои пайдо кардани нуфуз дар Осиёи Миёна нигарон шуда, борҳо мақомоти Кобулро аз фаъолшавии ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" дар шимоли Афғонистон огаҳ кардааст.

Гуфта мешавад, тибқи гузоришҳои расида аз Афғонистон, дар манотиқи шимоли ин кишвар, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, гурӯҳҳои мусаллаҳи мухталиф, аз Толибон гирифта то ДИ таҷаммӯъ кардаанд.

Ёдрас мешавад, ки ибтидои моҳи августи соли 2015 хабар расида буд, ки роҳбари нави "Ҳаракати исломии Ӯзбекистон" Усмон Ғозӣ бо "Давлати исломӣ" байъат кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.