Ихроҷи беш аз 4 ҳазор диндорони Ӯзбекистон аз «рӯйхати сиёҳ»

Бино бар иттилои Идораи маънавии мусалмонони Ӯзбекистон, дар натиҷаи муколамае, ки аз ҷониби имомон ва мақомоти маҳаллӣ бо диндорони шомили "рӯйхати сиёҳ" сурат гирифт, 4 ҳазору 152 одам аз ин рӯйхат "ихроҷ" шудааст. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, имомон бо дастури президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо афроди шомили "рӯйхати сиёҳ" суҳбат карда, […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Бино бар иттилои Идораи маънавии мусалмонони Ӯзбекистон, дар натиҷаи муколамае, ки аз ҷониби имомон ва мақомоти маҳаллӣ бо диндорони шомили "рӯйхати сиёҳ" сурат гирифт, 4 ҳазору 152 одам аз ин рӯйхат "ихроҷ" шудааст.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, имомон бо дастури президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо афроди шомили "рӯйхати сиёҳ" суҳбат карда, барои ихроҷ шудани номи онҳо аз ин рӯйхат кафил шудаанд.

"Имомони мо аз 10 990 одам ҷонибдорӣ карданд. Аз миёни ин тоифа 4 ҳазору 152 кас "сафед" карда шуд. Дар ояндаи наздик мусалмонҳои дигар ҳам аз рӯйхат хориҷ карда хоҳанд шуд", – хабар медиҳад Идораи маънавии мусалмонони Ӯзбекистон.

Гуфта мешавад, дар рафти суҳбат маълум мешудааст, ки агар диндор ба гуруҳҳои тундрави мамнуъ шомил набуда, иштибоҳан вориди "рӯйхати сиёҳ"-и ВКД шудааст ё замоне узви гуруҳи мамнуъ буда, бадтар пушаймон гардидааст, намояндагони гуруҳи махсус аз ҳисоби мақомоти маҳаллӣ ва мақомоти қудратӣ ӯро аз "рӯйхати сиёҳ" берун меоварданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар солҳои охир ҳазорон диндор дар Ӯзбекистон шомили "рӯйхати сиёҳ" гардида, зери назорати мақомот буданд. Ин рӯйхатро мақомоти қудратии Ӯзбекистон тартиб медоданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.