Гурӯҳҳои ҷиноии зодагони Тоҷикистон дар вилояти Маскав безарар гардонида шуданд

Мақомоти пулиси вилояти Маскави Русия се гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи этникиро, ки ба роҳзаниву ғоратгарӣ дар қаламрави вилоят машғул буданд, безарар гардониданд. Як намояндаи Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Маскав Борис Лаховский зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намудааст, ки ҳайати ду гурӯҳи он аз зодагони Тоҷикистон иборат будааст. Ба гуфтаи ӯ, яке аз гурӯҳҳои […]

Asia-Plus

Мақомоти пулиси вилояти Маскави Русия се гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи этникиро, ки ба роҳзаниву ғоратгарӣ дар қаламрави вилоят машғул буданд, безарар гардониданд.

Як намояндаи Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Маскав Борис Лаховский зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намудааст, ки ҳайати ду гурӯҳи он аз зодагони Тоҷикистон иборат будааст.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз гурӯҳҳои ҷиноятпеша аксаран аз зодагони Озарбойҷону Доғистон ташаккул ёфта, дар ноҳияи Электростал ва Ногинск ба бонк ва мағозаҳои ҷавоҳирот ҳамла ва онҳоро ғорат мекардаанд.

Номбурда зикр кардааст, ки гурӯҳҳои ҷиноятпешаи дуюм ва сеюм асосан аз зодагони Тоҷикистон иборат буда, яке аз ин гурӯҳҳо дар Домодедово ва Люберси ва дигараш дар ноҳияи Пушкин ва Митиши ба роҳзаниву ғоратгарӣ машғул будаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.