Гаронии нархи билетҳои ҳавопаймоӣ ба сӯзишворӣ вобаста аст

Хабаргузории «Озодагон»

Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар шарҳи болоравии нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ гуфт, нисбати ин масъала таҳлилҳо мегузаронанд.

«Ба қадри имкон таҳлили ҳамин бозорро гузаронида, пешниҳодҳои худро ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ барои дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани нархи чиптаҳо пешниҳодҳод мекунем», – иброз доштааст ӯ.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон рӯзи 26 январи соли равон дар нишасти хабарии пешинааш гуфта буд, қаблан дар ин робита дастури ҳукумат содир шуда, он дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Саъдӣ Қодирзода он замон гуфта буд, мутахассисон ба омӯзиши ҳаққи хизматрасониҳои фурудгоҳӣ машғуланд: “Дар пайи ниҳоӣ шудани омӯзиш иттилои бештар хоҳем дод”.

Ин дар ҳолест, ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ далели гарон будани нархи чипта дар Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳоро ба гаронии сӯзишворӣ ва қимат будани ҳаққи фурудгоҳ рабт медиҳанд.

Тобистони соли гузашта Шералӣ Ганҷалзода, собиқ вазири нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки ҳукумати кишвар барои муътадил нигоҳ доштани нархи чиптаҳои ҳавопаймо дастур додаст. Ба гуфтаи Ганҷалзода барои ҳалли ин масъала комиссияи байниидоравӣ ташкил шуда, онро омӯхта истодааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...