«Либоспӯширо ба ман ёд надиҳед». Раҳпаймоии ҳимояи ҳуқуқи занон дар Истанбул

Дар Истанбул ба хотири ҳимояи ҳуқуқи занон раҳпаймоӣ доир гардид, хабар медиҳад Reuters. Дар он садҳо нафар, аз ҷумла намояндагони ҷамъиятҳои ҳамҷинсгароён низ ширкат варзида, «Либоспӯширо ба ман ёд надиҳед» шиори асосии раҳпаймоӣ буд. Ин раҳпаймоӣ ба он хотир гузаронида шуд, ки намояндагони ҷомеаи кӯҳнапарасти Туркия бисёр вақт аз сарулибоси занон эрод гирифта, онро номуносиб […]

Asia-Plus

Дар Истанбул ба хотири ҳимояи ҳуқуқи занон раҳпаймоӣ доир гардид, хабар медиҳад Reuters. Дар он садҳо нафар, аз ҷумла намояндагони ҷамъиятҳои ҳамҷинсгароён низ ширкат варзида, «Либоспӯширо ба ман ёд надиҳед» шиори асосии раҳпаймоӣ буд.

Ин раҳпаймоӣ ба он хотир гузаронида шуд, ки намояндагони ҷомеаи кӯҳнапарасти Туркия бисёр вақт аз сарулибоси занон эрод гирифта, онро номуносиб мешуморанд.

Иштирокчиёни раҳпаймоӣ дар шакли шимҳои кӯтоҳ шиору овезаҳое бо худ доштанд, ки як қисмати ҷомеаи ин кишвар чунин сарулибосро номақбул медонанд.

Қобили зикр аст, ки ба хотири ҳимоя аз ҳуқуқҳои занон дар Туркия чандин маротиба гирдиҳамоиҳои эътирозӣ барпо шуданд. Санаи 8 марти соли 2017 дар Истанбул гирдиҳамоийии чандинҳазорнафара таҳти шиори “Озодӣ ба занон” ва талаби истеъфои президенти ин кишвар Раҷаб Тайиб Эрдуғон баргузор шуд.

Дар гузориши соли 2016-и созмони ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch дар ин робита қайд мешавад, ки дар Туркия то ҳол ҳодисаҳои ба истилоҳ “кушторҳо аз рӯи номус” роиҷ аст, ки дар онҳо заноне, ки рафторашонро дар оила номуносиб мешуморанд, қурбон мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.