Зинаи аввали танкчиёни тоҷик дар мусобиқаи аввали «Биатлони танкҳо»

Akhbor.com

Экипажи танки артиши Тоҷикистон таҳти фармони лейтенанти калон Ҳамроз Одилбеков дар рӯзи аввали мусобиқаҳои байналмилалии низомӣ дар тамрингоҳи Алабинои Русия масофаро дар 38 дақиқаву 11 сония тай карда, ҷои якумро ба даст овард.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили Akhbor.com бо такя ба хабаргузории русии "Спутник”, ҳайати танкистҳои Тоҷикистон, ки ҳама аз афсарон иборат буд, дар рӯзи якуми мусобиқаи баййналмилали Бозиҳои низомӣ дар тамрингони Алабинои вилояти Маскав ҷои якумро соҳиб шуд. Ба экипажи таҳти фармони лейтенанти калон Ҳамроз Одибеков муяссар шуд, ки масофаи муқарраршударо дар 38 дақиқаву 11 сония тай кунад.

Гуфта мешавад, дар рӯзи аввали мусобиқаи "Биатлони танкҳо” дар Алабино дар қатори Тоҷикистон ҳамчунин экипажҳо аз Ангола, Лаос ва Уганда, Озарбойҷон, Чин, Қувайт ва Муғулистон ширкат кардаанд. Экипажи Тоҷикистон дар як гурӯҳ бо Лаосу Уганда ва Ангола сабқат кардааст. Экипажҳо аз кишварҳои мухталиф дар ин сабқат аз танки русии Т-72Б3 истифода бурдаанд.

Марҳалаи аввали сабқат – ҳаракат бо усули "мор” ("змейка”)-ро ҳама бо муваффақият пушти сар карданд, вале дар марҳалаи дувум – тирпарронӣ аз тӯпи танк – ягон экипаж тирҳоро ба ҳадаф расонда натавонист. Болои ин экипажи Ангола маҷбур шуд, ки чанд муддат машғули тармими тӯпи харобшудаи тонки барояш ҷудошуда шавад. Ҳамин тавр, экипажи Уганда бо мили тӯпаш мушкил дошт ва муҳаррики танки Лаос чанд бор дар роҳ хомӯш шуд.

Экипажи Тоҷикистон, ки ҳама аз афсарон иборат буд, дар маҷмӯъ вазифаи дар наздаш гузошташударо хуб иҷро кард, вале чархболи шартии "душман”-ро аз пулемёт зада натавонист.

Дар маҷмӯъ дар ин мусобиқа 19 экипаж аз давлатҳои ҷаҳон ширкат мекунанд ва 12 экипажи беҳтарин ба марҳалаи ниҳоии мусобиқа роҳ меёбанд.

Рӯзи 29 июл дар расми ифтитоҳи Бозиҳои низомӣ дар Алабино вазири дифои Русия Сергей Шойгу низ ширкат дошт. Сабқатҳо байни намояндагони артишҳои 19 кишвар дар маҷмӯъ дар 22 тамрингоҳи низомии артиши Русия доир хоҳанд шуд. Бозиҳои байналмилалии низомӣ имсол барои бори сеюм баргузор карда мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...