Мусодираи ду сабикаи тиллоӣ дар фурудгоҳи Душанбе

Дар терминали №1-и фурудгоҳи шаҳри Душанбе кормандони милитсия ҳангоми бақайдгирӣ ва гузаштан аз нуқтаи санҷиши бағоҷ мусофири хатсайри “Душанбе-Дубай”, зани 39-солаи сокини шаҳри Бӯстонро бо гумони муомилоти ғайриқонунии металлҳои қимматбаҳо дастгир карданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми азназаргузаронии бағоҷи дастиаш аз номбурда, мувофиқи маълумотномаи нозироти давлатии Иёргирии назди Вазорати молияи ҶТн 2 […]

Asia-Plus

Дар терминали №1-и фурудгоҳи шаҳри Душанбе кормандони милитсия ҳангоми бақайдгирӣ ва гузаштан аз нуқтаи санҷиши бағоҷ мусофири хатсайри “Душанбе-Дубай”, зани 39-солаи сокини шаҳри Бӯстонро бо гумони муомилоти ғайриқонунии металлҳои қимматбаҳо дастгир карданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми азназаргузаронии бағоҷи дастиаш аз номбурда, мувофиқи маълумотномаи нозироти давлатии Иёргирии назди Вазорати молияи ҶТн 2 адад сабика ё худ “хишт”-ҳои аз металли тилло сохта шуда, ки вазни умумиашон 469,0-грамм ва арзиши умумиашон 96 ҳазору 458-сомониро ташкил медиҳад, дарёфт ва мусодира карда шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.