Сабукдӯшии мудири бахши робита бо ҷомеаи Кохи сафед баъди ҳамагӣ 10 рӯзи кор

Date:

Президенти ИМА Доналд Трамп Энтони Скарамуччӣ, мудири бахши робита бо ҷомеаи Кохи сафедро аз мақомаш барканор кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба изҳороти расмии Кохи сафед, Скарамуччӣ аз мудирии бахши робита бо ҷомеаи Кохи сафед канор меравад.

Гуфта мешавад, пештар нашрияи New York Times бо истинод ба се манбаи худ аз истеъфои Скарамуччӣ хабар дода буд. Скарамуччӣ чанд соат баъд аз маросими савгандёдкунии Ҷон Келлӣ ба ҳайси раҳбари нави дастгоҳи Кохи сафед истеъфо додааст.

Нашрияи "Политик" иттилоъ дод, ки Скарамуччӣ бо дархости Келлӣ аз мақомаш барканор шуд. Ӯ ҳамагӣ 10 рӯз дар мақоми мудири бахши робита бо ҷомеаи Кохи сафед кор кард.

Пештар, ҳафтаи гузашта, Скарамуччӣ баробари таъйин шуданаш ба ин мақом як қатор мақомҳои баландпояи Кохи сафед, аз ҷумла раиси пешини дастгоҳи президент Рейнс Прибусро интиқод кард. Прибус баъдан истеъфо дода, ба ҷояш Келлӣ таъйин шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...