Коҳиши шумори муштариёни алоқаи мобилӣ ва корбарони интернет

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Шумори корбарони алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон аз оғози соли равон қариб 1,4 млн. нафар кам шудааст.

Бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ, нимсолаи аввали соли равон шумори умумии истифодабарандагони алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон беш аз 7,3 млн. нафар (аввали соли 2017 – беш аз 8,7 млн. нафар)-ро ташкил додааст.

Ҳамчунин шумори муштариёни фаъоли алоқаи мобилӣ низ коҳиш ёфта, агар аввали соли равон шумори онҳо 4,4 млн. нафарро ташкил дода бошад, пас нимсолаи аввали соли равон ин шумор то беш аз 4,3 млн. нафар расидааст.

Қобили зикр аст, ки давоми соли 2016 шумори корбарони алоқаи мобилӣ  ба миқдори 2,5 млн. нафар ва шумори муштариёни фаъоли алоқаи мобилӣ – 800 ҳазор нафар коҳиш ёфт.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Хадамоти алоқа, нимсолаи аввали соли ҷорӣ шумори корбарони шабакаи интернет ҳамроҳ бо интернети мобилӣ 2,3 млн. нафар (аввали сол – 2,6 млн. нафар)-ро ташкил додааст.

Коҳиши шумори муштариёни алоқаи мобилӣ ва корбарони интернет дар Тоҷикистонро дар Хадамоти алоқа ба ҳеҷ гунае шарҳ намедиҳанд, вале чанде аз коршиносони мустақил сабаби онро ба болоравии тарифҳо ва бад шудани сифати хизматгузориҳо нисбат медиҳанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...