Коҳиши шумори муштариёни алоқаи мобилӣ ва корбарони интернет

Шумори корбарони алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон аз оғози соли равон қариб 1,4 млн. нафар кам шудааст. Бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ, нимсолаи аввали соли равон шумори умумии истифодабарандагони алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон беш аз 7,3 млн. нафар (аввали соли 2017 – беш аз 8,7 млн. нафар)-ро ташкил додааст. Ҳамчунин шумори муштариёни фаъоли […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Шумори корбарони алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон аз оғози соли равон қариб 1,4 млн. нафар кам шудааст.

Бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ, нимсолаи аввали соли равон шумори умумии истифодабарандагони алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон беш аз 7,3 млн. нафар (аввали соли 2017 – беш аз 8,7 млн. нафар)-ро ташкил додааст.

Ҳамчунин шумори муштариёни фаъоли алоқаи мобилӣ низ коҳиш ёфта, агар аввали соли равон шумори онҳо 4,4 млн. нафарро ташкил дода бошад, пас нимсолаи аввали соли равон ин шумор то беш аз 4,3 млн. нафар расидааст.

Қобили зикр аст, ки давоми соли 2016 шумори корбарони алоқаи мобилӣ  ба миқдори 2,5 млн. нафар ва шумори муштариёни фаъоли алоқаи мобилӣ – 800 ҳазор нафар коҳиш ёфт.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Хадамоти алоқа, нимсолаи аввали соли ҷорӣ шумори корбарони шабакаи интернет ҳамроҳ бо интернети мобилӣ 2,3 млн. нафар (аввали сол – 2,6 млн. нафар)-ро ташкил додааст.

Коҳиши шумори муштариёни алоқаи мобилӣ ва корбарони интернет дар Тоҷикистонро дар Хадамоти алоқа ба ҳеҷ гунае шарҳ намедиҳанд, вале чанде аз коршиносони мустақил сабаби онро ба болоравии тарифҳо ва бад шудани сифати хизматгузориҳо нисбат медиҳанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.