Милитсияи пойтахт бо бонги хатар омода шуд. Барои машқ

Asia-Plus

Мақомоти милитсияи пойтахт, аз ҷумла воҳидҳои таъиноти махсус шаби гузашта бо бонги хатар ба иҷрои вазифаҳои хидматӣ омода шуданд.

Дар Душанбе машқҳои кормандони мақомоти қудратӣ ҷараён доранд. Тибқи фарзияи машқҳо, вазифаи кормандони сохторҳои қудратӣ аз ошкор намудан ва безарар гардонидани гурӯҳи номаълуми мусаллаҳ дар мавзеъҳои шимоли пойтахт аст. Машқҳо дар қаламрави маҳаллаҳои Испечак ва Зарафшон гузаронида мешаванд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохтори қудратии ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Бино ба гуфтаи манбаъ, ба ин машқҳо воҳидҳои нерӯҳои таъиноти махсус, кинологҳо, техникаи махсус, хизматчиёни воҳидҳои безараргардонии маводи тарканда (сапёрҳо), мерганҳо ва кормандони БДА сафарбар шудаанд.

«Мувофиқи фарзияи машқ, гурӯҳи афроди мусаллаҳ ба қаламрави шаҳри Душанбе «ворид шуда», бояд миёни издиҳом нопадид гардад, – гуфт манбаъ. – Кормандони сохторҳои қудратӣ бояд онҳоро дарёфт ва безарар гардонанд. Машқҳо имрӯз ба итмом мерасанд».

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти РИА Новости, чанд рӯз қабл машқҳои хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон доир гардида, дар ҷараёни он тарзу усулҳои ба иҳота гирифтан ва аз байн бурдани гурӯҳи ғайриқонунии ҷиноятпеша мавриди омӯзишу амал қарор гирифтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025 ба андозаи 25,4% ва нисбат ба як даҳсола пеш - 5,5 баробар зиёдтар мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 56

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари “Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...