Милитсияи пойтахт бо бонги хатар омода шуд. Барои машқ

Мақомоти милитсияи пойтахт, аз ҷумла воҳидҳои таъиноти махсус шаби гузашта бо бонги хатар ба иҷрои вазифаҳои хидматӣ омода шуданд. Дар Душанбе машқҳои кормандони мақомоти қудратӣ ҷараён доранд. Тибқи фарзияи машқҳо, вазифаи кормандони сохторҳои қудратӣ аз ошкор намудан ва безарар гардонидани гурӯҳи номаълуми мусаллаҳ дар мавзеъҳои шимоли пойтахт аст. Машқҳо дар қаламрави маҳаллаҳои Испечак ва Зарафшон […]

Asia-Plus

Мақомоти милитсияи пойтахт, аз ҷумла воҳидҳои таъиноти махсус шаби гузашта бо бонги хатар ба иҷрои вазифаҳои хидматӣ омода шуданд.

Дар Душанбе машқҳои кормандони мақомоти қудратӣ ҷараён доранд. Тибқи фарзияи машқҳо, вазифаи кормандони сохторҳои қудратӣ аз ошкор намудан ва безарар гардонидани гурӯҳи номаълуми мусаллаҳ дар мавзеъҳои шимоли пойтахт аст. Машқҳо дар қаламрави маҳаллаҳои Испечак ва Зарафшон гузаронида мешаванд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохтори қудратии ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Бино ба гуфтаи манбаъ, ба ин машқҳо воҳидҳои нерӯҳои таъиноти махсус, кинологҳо, техникаи махсус, хизматчиёни воҳидҳои безараргардонии маводи тарканда (сапёрҳо), мерганҳо ва кормандони БДА сафарбар шудаанд.

«Мувофиқи фарзияи машқ, гурӯҳи афроди мусаллаҳ ба қаламрави шаҳри Душанбе «ворид шуда», бояд миёни издиҳом нопадид гардад, – гуфт манбаъ. – Кормандони сохторҳои қудратӣ бояд онҳоро дарёфт ва безарар гардонанд. Машқҳо имрӯз ба итмом мерасанд».

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти РИА Новости, чанд рӯз қабл машқҳои хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон доир гардида, дар ҷараёни он тарзу усулҳои ба иҳота гирифтан ва аз байн бурдани гурӯҳи ғайриқонунии ҷиноятпеша мавриди омӯзишу амал қарор гирифтааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.