Мирзиёев ҳунарнамоии Ҷӯрабек Муродовро махсус қайд кард

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳунарнамоии овозхони шинохтаи тоҷик Ҷурабек муродовро махсус қайд кард. Ҷӯрабек Муродов дар консерт бахшида ба ҷашни 100-солагии Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон Комилҷон Отаниёзов дар Ӯзбекистон иштирок кард. Бино ба маълумоти ВАО, зимни суханронӣ назди зиёиёни кишвар рӯзи 3 август Шавкат Мирзиёев изҳор намуд, ки бо ҳаяҷону завқи беандоза ҳунарнамоии сарояндаи саршиноси тоҷик […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳунарнамоии овозхони шинохтаи тоҷик Ҷурабек муродовро махсус қайд кард. Ҷӯрабек Муродов дар консерт бахшида ба ҷашни 100-солагии Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон Комилҷон Отаниёзов дар Ӯзбекистон иштирок кард.

Бино ба маълумоти ВАО, зимни суханронӣ назди зиёиёни кишвар рӯзи 3 август Шавкат Мирзиёев изҳор намуд, ки бо ҳаяҷону завқи беандоза ҳунарнамоии сарояндаи саршиноси тоҷик Ҷӯрабек Муродовро тамошо кардааст.

Қобили зикр аст, ки Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ охири моҳи июл аз Ӯзбекистон боздид намуда, дар чорабиниҳои ҷашни 100-солагии Ҳунарманди мардумии Ӯзбекистон Комилҷон Отаниёзов иштирок ва дар консерти бахшида ба ин ҷашн якчанд сурудҳои худро ба иҷро расонид.

Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Ҷӯрабек Муродов изҳор дошт, ки ӯ натанҳо барои ҳозирин якчанд суруди худро пешкаш кардааст, балки тамошобинони суршуморро табрик ҳам кардааст.

«Дар суханрониам ман гуфтам, ки то аввали солҳои 90-уми асри гузашта бисёр халқҳо ба дӯстии тоҷикону ӯзбекон ҳасад мебурданд, иброз дошт ӯ. – То замони пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ мо як халқ будем. Имрӯз дӯстии мо, ки аз Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ сарчашма мегирад, эҳё мешавад. Ҳеҷ касе ҳақ надорад, ки миёни ин дӯстӣ рахнае андозад».

Ба гуфтаи Муродов, аксари шоирону нависандагон ва ҳунармандони тоҷику ӯзбек барои мардуми ҳарду кишвар шеъру асар ва суруду таронаҳо эҷод мекарданд.

«Ман зикр кардам, ки бо сари мансаб омадани президенти нави Ӯзбекистон дар муносибатҳои ҳамсоякшварҳо дар ҳамаи соҳаҳо беҳбудии назаррас ба мушоҳида мерасад, ки аз ин ҳам дар Тошканду ҳам дар Душанбе ҳама хеле хурсанданд», – таъкид дошт овозхон.

Зимни сухаронӣ назди тамшобинони ӯзбек Ҷӯрабек Муродов таъкид доштааст, ки ҳанӯз ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна бо эҷодиёти Комилҷон Отаниёзов шинос шудааст.

«Ман яке аз ҳазорон сарояндаҳои Осиёи Миёна мебошам, ки аз мактаби эҷодии Комилҷон Отаниёзов сабақ гирифтаам», – қайд кард Ҷӯрабек Муродов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.