Ҷангиёни ДИ ва Толибон ҳудуди 50 нафарро дар Афғонистон куштанд

Раиси вилояти Сарипули Афғонистон Муҳаммад Зоҳир гуфтааст, ҷангиёни гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИ) ва ҳаракати Толибон дар ин вилоят наздик ба 50 одамро куштаанд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба гуфтаи номбурда, ҳамлаи ҷангиён ба постгоҳи нерӯҳои амниятии Афғонистон дар наздикии ноҳияи Мирзо Оланг шаби 3 август оғоз шуда, 48 соат идома […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Раиси вилояти Сарипули Афғонистон Муҳаммад Зоҳир гуфтааст, ҷангиёни гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИ) ва ҳаракати Толибон дар ин вилоят наздик ба 50 одамро куштаанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба гуфтаи номбурда, ҳамлаи ҷангиён ба постгоҳи нерӯҳои амниятии Афғонистон дар наздикии ноҳияи Мирзо Оланг шаби 3 август оғоз шуда, 48 соат идома ёфтааст. Дар натиҷаи он 7 корманди пулис ва як сарбоз ҷон додаанд.

"Ҷангиён баъди ишғоли Мирзо Оланг даст ба куштори ваҳшатноке заданд. Онҳо аз 30 то 40 нафарро ба қатл расонданд, ки миёнашон кӯдакон, занон ва пиронсолон низ буданд", – гуфтааст раҳбари вилоят.

Муҳаммад Зоҳир бо истинод ба пиронсолони деҳа ҳамчунин хабар додааст, ки ҷангиён беш аз 30 хонаро оташ задаанд. 25 одами дигар бедарак шудаанд, ки эҳтимол дорад, ҷангиён онҳоро бо худ бурда бошанд.

Як мақоми баландпояи Сарипул Нур Раҳмонӣ Аминёр ба хабарнигорон гуфтааст, дар ин ҳамла ҳам ҷангиёни Толибон ва ҳам ДИ иштирок доштанд. Ба гуфтаи ӯ, ҷангиёни Толибонро Мулло Нодир ва аз ДИ-ро Шермуҳаммад Ғазанфар раҳбарӣ мекарданд. Вале Толибон даст доштани худро дар ин куштор рад карда, гуфтаанд, ки Ғазанфар муддатҳо пеш сафи ин ҳаракатро тарк кардааст.

Ба гуфтаи раҳбари вилояти Сарипул, нерӯҳои маҳаллӣ дар ҳоли ҳозир талош доранд, ки ноҳияи ишғолшударо аз дасти ҷангиён дубора бозпас гиранд ва аз ҳукумати марказии Афғонистон кумаки ҳавоӣ дархост кардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.