Вазорати мудофиа маълумоти интиқоли нерӯҳоро ба шимоли кишвар рад кард

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон маълумоти интишоршуда дар бораи интиқоли нерӯҳо ва техника аз ҷануб ба шимоли кишварро рад кард. Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ полковник Фаридун Маҳмадализода дар ин робита иттилоъ дод, ки тибқи нақшаи Вазорат, нимаи дуюми моҳи август дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ баргузор намудани машқҳои бузургмиқёс дар гарнизони ҳарбии Суғд дар назар аст, ки […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон маълумоти интишоршуда дар бораи интиқоли нерӯҳо ва техника аз ҷануб ба шимоли кишварро рад кард.

Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ полковник Фаридун Маҳмадализода дар ин робита иттилоъ дод, ки тибқи нақшаи Вазорат, нимаи дуюми моҳи август дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ баргузор намудани машқҳои бузургмиқёс дар гарнизони ҳарбии Суғд дар назар аст, ки дар онҳо масъалаҳои ташкили мудофиаи қаламрав ва баланд бардоштани сатҳи касбии сарбозону афсарони эҳтиётии артиши миллӣ дар назар аст.

«Вале ин машқҳо танҳо барои гарнизони вилояти Суғд пешбинӣ шуда, барои ба минтақаи шимол интиқол додани нерӯ ва техникаи иловагӣ ҳеҷ зарурате вуҷуд надорад», – иброз дошт номбурда.

Ба гуфтаи намояндаи Вазорати мудофиа, дар ҷараёни машқҳои зикршуда масъалаҳои ҳамкории муштараки ҷузъу томҳои гарнизони Суғд ва сохторҳои қудратӣ оид ба нобуд сохтани як гурӯҳи террористони ба вилоят воридшуда мавриди омӯзишу таҷриба қарор мегиранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.